Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сардорони БДА Душанбе ва Суғд курсииваз карданд

Cардори раёсати БДА дар шаҳри Душанбе сардори Раёсати БДА дар вилояти Суғд таъин шудааст.

Бо фармони Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Қурбонзода Суҳроб Амиралӣ, сардори Бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар вилояти Суғд таъйин гардид. Суҳроб Қурбонзода дар мақоми сардори БДА дар вилояти Суғд полковник Юсуф Имомзодаро иваз кардааст.

Подполковник Суҳроб Қурбонзода то ин муддат сардори БДА дар шаҳри Душанбе буд.

Дар навбати худ полковник Юсуф Имомзода аз мақоми сардори БДА дар Суғд барканор шуда, ба ҷои Суҳроб Қурбонзода ба вазифаи сардори БДА дар шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj