Сардухтуре, ки бо Путин мулоқот кард каронавирус шуд

Сардухтури табобатхонаи сироятии «Коммунарка» Денис Протсенко, ки чандрӯз қабл бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот карда буд гирифтори коронавирус шуд. Дар ин бора “Спудник” хабар медиҳад

Бояд гуфт, ки беморхонаи «Коммунарка» танҳо беморони мубталои коронавирусро табобат мекунад. Дар ҳамин ҳол чанд рӯз пеш президенти Русия Владимир Путин ба беморхонаи «Коммунарка» сафар карда аз аҳволи беморон хабар гирифт ба сардухтур ва духтурон мулоқот намуд.

Ногуфта намонад, ки дар Русия раванди паҳншавии маризии сироятии коронавирус босуръат ҷараён дорад. Танҳо давоми як шабонарӯз 501 ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин маризӣ сабт гардида шумораи умумии мубталоён дар ин кишвар ба 2,337 нафар расид.

Ба гузориши Созмони ҷаҳонии беҳдошт, феълан дар сартосари ҷаҳон беш аз 864, 799 ҳазор нафар мубталои коронавирус гардида, зиёда аз 165 ҳазор дардманд шифо ёфтаанд. Ҳамчунин 43 ҳазор маризи коронавирус ба ҳалокат расидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *