Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сари Доналд Трамп чӣ қадар арзиш дорад?

The Mirror хабар медиҳад, ки  Телевизиони давлатии Эрон эълон кард, ки барои сари раисиҷумҳури феълии ИМА Доналд Трамп 80 миллион доллар подош дода мешавад..

Дар эълони телевизион гуфта мешавад,  «Аҳолии Эрон 80 миллион нафар аст ва агар аз ҳар як шаҳрванд як долларӣ ҷамъ кунем, пули хидмати шахсе, ки раҳбари Амрикоро бартараф мекунад, пули кофӣ хоҳад буд.»

Айнан ҳамин эъломия ҳангоми маросими хайрбод бо генерал Қосим Сулаймонӣ, ки 3 январ кушта шуда буд, эълон карда шуд.

Дар худи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико онҳо чунин изҳоротро ҳамчун як унсури таблиғот, ки барои боз ҳам бадтар шудани вазъи кунунӣ таҳия шудаанд, қабул мекунанд.

Зимнан, Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи қӯшунҳои махсуси Ал-Қудс, рӯзи 3 январ ҳангоми ҳамлаи мушакӣ ба фурудгоҳи Бағдод нобуд карда шуд. Фармонро дар бораи нест кардани раҳбари низомӣ шахсан президенти ИМА Доналд Трамп содир кардааст.

Теҳрон ин амалҳоро як зуҳуроти терроризми байналмилалӣ номид ва ваъда дод, ки қасос мегирад.

Трамп, дар навбати худ, бо вокуниши фаврӣ ба ҳама амалҳои таҷовузкоронаи Эрон таҳдид кард ва омодагии пурраи худро барои зарба задан ба 52 ҳадаф дар Ҷумҳурии Исломӣ эълон кард.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.