Сармуҳаррири рӯзномаи “Шаҳриёр” даргузашт

Нуриддини Амриддин, сармуҳаррири рӯзномаи “Шаҳриёр” дар синни 64-солагӣ дар бемористони “Қарияи Боло” аз бемории сактаи мағзи сар тарки олам кард.

Тавре ҳамкорони ин рӯзноманигори собиқадор дар суҳбат ба сомонаи Pressa.tj хабар доданд, Нуриддини Амриддин чанд рӯзи охир дар бемористони “Қарияи Боло”-и шаҳри Душанбе бистарӣ буд. Ӯ аз бемории сактаи мағзи сар азият кашида, дар корпуси 6-уми беморхонаи мазкур табобат мегирифт. Баъд аз зуҳри 28-уми октябр, тақрибан соатҳои 15:00 Нуриддини Амриддин, сармуҳаррири рӯзномаи “Шаҳриёр”-и шаҳри Ваҳдат вазъи саломатиаш вазнин шуда, ҷон ба Ҳақ супоридааст.

Ҳамкорон Нуриддини Амриддинро ҳамчун рӯзноманигор, шоир ва соҳибмактаб ном мебаранд. Зеро ӯ 10 соли охир сармуҳаррири рӯзномаи “Шаҳриёр”-ро бар зимма дошт ва дар пурмуҳтаво ва баланд бардони сифати ин нашрия нақш гузоштааст.

Нуриддини Амриддин 6 августи соли 1956 дар деҳаи Бровги ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Соли 1974 мактаби миёнаи ба номи Акашариф Ҷӯраев, соли 1979 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиро соли 1980 ба ҳайси муҳаррири хурди Саридораи гуфторҳои «Ахбор»-и Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кардааст. Охири ҳамон сол ба рӯзномаи «Коммуна» (ҳозира «Шаҳриёр)-и шаҳри Ваҳдат ба кор гузашта, дар вазифаҳои ходими адабӣ, мудири шуъба, котиби масъул, ҷонишини сармуҳаррир фаъолият бурдааст. Аз ибтидои соли 2010 сармуҳаррири ҳамин рӯзнома мебошад.

Дар давоми беш аз сӣ соли ахир машғули фаъолияти эҷодӣ буда, дар ин давра маҷмӯаҳои «Гарди армон» (1996), «Лутфҳои Мирзоӣ» (2001), «Сапедадами нуронӣ» (2010)-яш пешкаши хонандагон гардидаанд. Шеърҳои алоҳидааш дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ чоп шудаананд.

Маросими дафни Нуриддини Амриддин, имрӯз, соати 10 дар макони истиқоматиаш-шаҳри Ваҳдат баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *