Сармуҳаррири “Марзбони Ватан” даргузашт

Полковник Ҳоҷӣ Абдусаттор Гулаҳмадов, собиқ сухангӯи Қушунҳои сарҳадии КДАМ рӯзи 19 апрел дар синни 59 аз олам чашм пӯшид.

Номбурда солҳои охир сармуҳаррири нашрияи “Марзбони Ватан” буд ва бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” пайваста ҳамкорӣ мекард.
Марҳум 29-уми августи соли 1960, дар Кӯлоб таваллуд шудааст. Бо вуҷуди он ки ҳаёти худро ба ҳимояи марзу буми ватан сарф кард, вале ҳамеша журнлаист боқӣ монд. Ӯ дар солҳои 90 ва ибтидои солҳои 2000-ум, замоне ки ба Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон генералҳои хушноме, чун Сайдамир Зуҳуров, Саиданвар Камолов ва Нуралишоҳ Назаров раҳбарӣ мекарданд, масъулияти маркази матбуоти нирӯҳои марзбониро бар дӯш дошт. Замони фаъолияти ӯро давраи беҳтарини ҳамкории рӯзноманигорон бо марзбонон номидан мумкин аст. Дар даврони котиби матбуотӣ будани ӯ масъулияти ҳимояи марзу буми кишвар аз неруҳои Русия ба дӯши сарҳадбонони тоҷик гузашт, бинобар ин, ин ниҳод барои журналистон хабарсоз буд. Маҳз касбият ва дарки масъулияти Абдусаттор Гулаҳмадов буд, ки фаъолияти марзбонон ва мушкилшоти марз ба таври воқеӣ инъикос мешуд, журналистон ба ин ниҳод дастрасии доимӣ доштанд.

Журналист Мирзонабӣ Холиқзод мегӯяд, ки “Абдусаттор Гулаҳмадов аз фаъолтарин масъули дафтари матбуоти неруҳои марзбонӣ буд ва заҳматҳои зиёде дар ин ҷода талош ба харҷ додааст ва инсонияти ӯ боарҷу боиззиат буд”.

Ҳоҷӣ Абдусаттор Гулаҳмадов, дар баробари журналисти ҳарбӣ будан, муаллифи як қатор очеркҳои таърихӣ, мақолаҳои таҳлилӣ ва шеърҳои ватандӯустӣ аст, ки аксарияташон дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба нашр расидаанд.

Нигоштаҳояш дар китобҳои ”Марзбонӣ ифтихори мост”,”Бо қимати ҷон”, ”Тангатофтӣ” ва ва ғайра ба дасти хонанда расидаанд. Шеърҳояшро сарояндагони ансабли “Марзбон” месароянд.
Мушовири Раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва Маркази матбуотӣ-Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, рӯзноманигори ҳарбӣ, полковник Абдусаттор Гулаҳмадов Аълочии матбуот, фарҳанг ва телевизион ва радиои Тоҷикистон буд.

Дар зер як шеъри марҳумро, ки чанде пеш ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ирсол карда буд, пешкаши шумо мегардонем.

    МАРЗБОН

Марзбонам чашмҳоям дурбин,
Пеши ру харитаи ин сарзамин.
Ҷоннисорӣ мекунам ман субҳу шом,
То кунам саркӯб душман дар камин.
Бистару болинам аз санги Ватан,
Моҳи шабрав шабчароғи нозанин.
Такя дорад, такя бар китфам Ватан,
Ҷисми ман мушкилписанду оҳанин.
Гар зарурат пеш ояд, лочинам,
Бовари дорам ба қавли худ яқин.

P.S. Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аз марги ҳамкасби хеш, полковник Абдусаттор Гулаҳмадов андӯҳгин буда, ба пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *