Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сарнавишти марди танҳо. Гуфторҳо, ба ҷойи мақола дар мавлуди устод Муҳаммадзамони Солеҳ

Имрӯз 70-солагии Муҳаммадзамони Солеҳ аст. Мавлуди нависандае, ки солҳои 80-ум қадам ба арсаи адабиёт гузошт ва дар радифи Баҳманёр, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Муаззама, Сайдар… дар ҷараёни нав шудани насри тоҷик фаъолона ширкат кард. Насли Муҳаммадзамон, ки чанд намояндаи онро номбар кардам, барои ба адабиёти ҷаҳонӣ наздик шудани насри тоҷик қадами ҷиддӣ гузоштанд. Ин насл то чӣ ҳад дар таҷрибаҳои навгароии худ маваффақ шуданд, мавзӯъи баҳси доманадоре аст, вале яке аз чеҳраҳои мунири адабиёти охири садаи ХХ ва аввали ХХ1 будани муаллифи “Девори Хуросон” ҷойи шакку шубҳа надорад.

Банда яке аз мухлисони осори Муҳаммадзамони Солеҳ ҳастам, аксари осори мондагори ӯро мутолиа кардаам ва ҳарфҳое низ барои гуфтан дорам, вале афсӯс, ки аз рӯзи мавлуди марҳум бехабар мондам. Инак, чанд гуфторро дар мавриди Муҳаммадзамони Солеҳ ва эҷодиёти ӯ пешкаши шумо мекунам ва умед дорам, ки рӯзе фурсат даст медиҳад ва дар мавриди эҷодиёти ин нависандаи бузурги тоҷик чизи шоистае хоҳам навишт.

ЗИНДАГИНОМА

Муҳаммадзамони Солеҳ 5 январи соли 1951 дар деҳаи Падроғи ноҳияи Масчоҳ дида ба олами рӯшан кушодааст. Фориғуттаҳсили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1974) буда, фаъолияти кориро ба ҳайси ходими адабии шуъбаи адабию драмавии Телевизиони тоҷик оғоз намудааст (1974-1978). Баъдан дар вазифаҳои мудири бахши адабии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (1978-1981), ходими адабии ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1981-1989), мудири шуъбаи танзими тарҷума ва нашри китоби Кумитаи матбуоти Тоҷикистон (1989-1992), мудири бахши адабии Театри таҷрибавии «Аҳорун» (1992-1994), ходими адабии Бунгоҳи тарҷума ва нашри «Симурғ»-и назди Кумитаи давлатии матбуоти ҷумҳурӣ (1994-1995), сардабири нашриёти «Деваштич» (2000-2009) адои хидмат намудааст.

ЭҶОДИЁТ:

Фаъолияти эҷодии Муҳаммадзамони Солеҳ аз таълифи ҳикоя оғоз ёфта, ҳикояи нахустинаш «Рӯзи ғалаба» соли 1982 дар «Газетаи муаллимон» ба табъ расидааст. Аввалин маҷмӯаи ҳикояҳояш «Сарви Кишмар» (1984) бо фотиҳаи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ба дасти хонандагон расидааст. Баъдан маҷмӯаи навиштаҳои ӯ «Ишқи актёри пир» (1987), «Оҳанги шаҳри ишқ» (1989), романи «Девори Хуросон» (1999) дар Тоҷикистону Эрон ва китоби «Ардавирофнома ё сояҳои шикаста»-аш (1993) дар интишороти «Балх» (Эрон) чоп шудаанд.
Қиссаи «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин»-и Темур Зулфиқоровро ба тоҷикӣ тарҷума, «Готҳо»-и Зардуштро ба хатти имрӯза баргардон кардааст. Соли 1989 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст. 1 феврали соли 2009 дунёи фониро тарк гуфт.

ГУФТОРҲО

Муҳаммадҷон ШАКУРӢ,
академик:

-…ин нависанда (яъне Муҳаммадзамони Солеҳ), ки бо меҳнати шоқа машғул аст, ба адабиёти мо бозёфтҳои бузурге хоҳад овард.
(Аз сарсухани китоби нахустини Муҳаммадзамони Солеҳ «Сарви Кишмар»)

Ӯрун КӮҲЗОД,

Нависандаи халқии Тоҷикистон:

Муҳаммадзамони Солеҳ дар ҷавонӣ ринд буд, баъдан зардуштӣ шуд, сипас мазҳабӣ гашт ва дар охири ҳаёташ сӯфии софро мемонд. Истеъдоди фитрии Муҳаммадзамони Солеҳ дар заминаи мутолеоти пайваста ва дониши амиқи таъриху адабиёт ва дастовардҳои адабиёти ҷаҳон такомул дида, дар давре ба нуқтаи камол расид, ки кишвар гирифтори ҷангу нооромиҳо гардид. Ӯ дар тӯли умри кӯтоҳи худ тавонист, чанд роману асарҳои дигар нависад, вале ҳеҷ гоҳ аз сабки аслии худ берун нарафтааст.

Муҳаммадзамони Солеҳ адиби бомасъулият буд ва рӯи ҳар ҷумлаву баёни худ меандешид, ки ҳар ишорааш ҳадафе дошта бошад ва муҳимтар аз ҳама вай ба ҳар ҷумлаи навиштааст, масъул будани худро ба унвони як нависанда нишон медод.

Абдухолиқи НАБАВӢ,

мунаққид:

Муҳаммадзамони Солеҳ аз огоҳтарин нависандагони ворид ба адабу фарҳанги форсии зиёда аз сеҳазорсолаи тоҷикӣ буд. Касе мисли ӯ, чунон ки дар симои Амир Исмоили Сомонӣ омадааст, қаҳрамоне бо он ғановати маънавию фарҳангии таърихӣ наофаридааст. Банда «Девори Хуросон»-ро румони марҳалавӣ дар насри тоҷикӣ тавсиф карда будам ва имрӯз бар ҳамин андешаи худ содиқам…

Абдулҳамид САМАД,

Нависандаи халқии Тоҷикистон:

Муҳаммадзамони Солеҳ аз насрнависони хуби мо буд. Вай сабку услуби тозаи нигориш дошт, ба мисли Сайф Раҳим, Баҳманёр ва Муъаззама. Муҳаммадзамон бахусус дар корбурди вожаҳо, забон ва интихоби мавзӯъ тозагиҳое ба адабиёт ворид кард. Ба мавзӯъҳо, таърих, муҳит ва ҳаводисе, ки дар замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон рӯй доданд, нигоҳи вижаи худро дошт. Солеҳ, ҳарчанд кам менавишт, аммо хуб менавишт.

Салими АЮБЗОД,

нависанда:

-Румони “Девори Хуросон” матнест, ки дар зеҳни хонанда манзараҳоро падид меорад. “Саёҳати ҳаштуми Синдбод” низ асарест, ки метавон бе ҳеҷ тағйир ё такмил онро ба пардаи синамо кашид. Манзараи чанори пиру пудаву пӯсида ва пирамарди пинакрафтаи дуторбадаст дар пои он худ як тоблуи хотирнишин аст.

Мирзонабӣ ХОЛИҚЗОД,

журналист:

Муҳаммадзамони Солеҳ аз насли адибони навпардози Тоҷикистон буд, ки ба мисли Баҳманёр, Сайф Раҳимзод, дар солҳои 80-ум бо сабки баёну навишти хос вориди саҳнаи насри тоҷик шуданд. Нахустин маҷмӯаи ҳикояҳои ӯ таҳти унвони «Сарви Кишмар» бо пешнависи адабиётшиноси маъруф, Муҳаммадҷон Шакурӣ вайро ҳамчун нависандаи умедбахш муаррифӣ кард. Баёни мӯъҷаз ва кӯтоҳ бо омезиши афкори фалсафӣ, ки дар ҷумлаҳои «сангин»-и ӯ таҷассум меёфт, бештар Муҳаммадзамони Солеҳро ба унвони як адиби навҷӯй ошно намуд.

Абдуҷалили АМОН,

адабиётшинос:

Муҳаммадзамони Солеҳ ба майдони адабиёт бо сабку услуби хосса ворид гардида, назари таърихиро дар таҳқиқи воқеияти зиндагӣ амиқтар намуд. Романи таърихии ӯ «Девори Хуросон», ки қаҳрамони асосиаш Амир Исмоили Сомонӣ мебошад, бо такя бар осори таърихнигорону олимон ва адибони давраи Сомониён нигошта шуда, асари пурмуҳтавои дорои сужаи ҷолиб ва хонданӣ мебошад. Вай бо таълифи ин асар тавонист дар тарбияи худшиносию худогоҳии мардуми тоҷик, дарки ифтихори миллӣ саҳм гирифта бошад. Муҳаммадзамони Солеҳ дар ин роман ва дигар осори хурду бузурги худ аз усули тасвири шартӣ ва истиоравию рамзӣ истифода бурда, бештар ба асотири миллӣ такя намуд, то хонандаро ба сафари фаротабиӣ, жарфои гузашта ва истиқболи оянда бибарад.

Комил БЕКЗОДА,

файласуф:

-Бобҳои охири «Девори Хуросон» саропо таҳлили як нависанда не, балки таҳлили як файласуф равоншинос ва таҳлили як андешаманд аст, ки воқеан ҷомеаи худро дарк карда буд ва медонист, ки барои ин ҷомеа чӣ бояд кард.

Мирзо БОҚӢ,

адиб ва файласуф:

-Муҳаммадзамони Солеҳ орзу дошт, ки бо навиштани китоби дигари худ дар бораи Куруши Кабир бузургию азамат ва санъати давлатдорию кишвардории ӯро инъикос кунад ва фарҳанги башардӯстии ӯро ба насли имрӯз паём диҳад. Пораҳое аз ин асар навишта шудаанд. Ва илова ба он як асари дигари бо номи «Малкушон» бояд навишта мешуд, ки умр ба ӯ вафо накард. Дар ҳақиқат агар ин асарҳо навишта мешуданд, Муҳаммадзамон рисолати нависандагии худро чуноне, ки худаш мегуфт, ба поён мерасонд, вале афсӯс…

Мирзо ШУКУРЗОДА,

нависанда:

-Мунаққидони адабии Тоҷикистон Муҳаммадзамони Солеҳро нависандаи мутафаккир, нависандаи бемонанд номидаанд. Аз сӯйи дигар, устодоне ба мисли Муҳаммадҷон Шакурӣ, Адаш Истад, Сорбон ва дигарон дар навиштаҳои худ аз ҷилои истеъдоди адабии Солеҳ ибрози назарҳо кардаанд. Бешубҳа, исми Муҳаммадзамони Солеҳ ба унвони нависандаи донишманд дар адабиёти тоҷик сабт хоҳад шуд. Забони форсии оқои Солеҳ ниҳоят шево буд, вай зебоии забонро дар осораш бо тамоми рангҳову ҷилваҳояш муъаррифӣ кардааст. Ҳамчун инсон, устод Солеҳ бузургонро бузург медошт, инсони наҷиб ва фурӯтан буд.

Адаш ИСТАД,

нависанда:

-Муҳаммадзамони Солеҳ худ як ҷаҳоне буд нотакрор… Дар осори ӯ дарди миллат, фарёди ҷонсӯзи торихи тоҷик, гуманизми муосир, гузашта ва имрӯза ҳама ба ҳам печида ва мармуз таркиби вижае ба вуҷуд меоварданд, ки на ҳар каси ба насри воқеанависӣ хў гирифта метавонист, онро ба роҳатӣ бипазирад. Аз осори он солҳои пеш навиштааш чунин Муҳаммадзамон дар ёдам мондааст. Муҳаммадзамони мисли бисёр кўҳистониён доимо хунгарм, самимӣ, дилҷавон ва ҳақиқатпараст. Ва аз ҳама муҳимаш мубориз. Максимализм дар ман ҳам ҳаст, аммо дар ў бештар буд ва ин бисёртар ҳангоми баҳсҳо зоҳир мегардид.
Тамаллуқ чист намедонист. Ҳарфи рости ў на ба ҳар роҳбар хуш меомад. Ба ин сабаб ба ғайр аз шўъбаи камина дар ҷои дигар муддати
зиёде кор накарда буд.

Холмаҳмади МАВЛОН,

Адиб ва рӯзноманигор:

-Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Баҳманёр, Муҳаммадзамони Солеҳ дарахти пучи насри тоҷикро сарсабзу хурраму гулбез сохтанду самаровар. Кохи музайяни насрро ҷилову ҷилваи нав бахшиданд. Насри тоҷикро ба раҳу равиши дигар кашиданд. Ба мазраъааш донаҳои дигар киштанд. Мазраае, ки манзараи зархез дораду зебосту гулрангу гулҷӯш мисли куртаи чакан, даштҳои сабзу ғизолатоз дораду хуршеди абрсӯз, фазои чармгуни ситоракӯб дораду чархи кабудбора…
Вақте ки “Девори Хуросон”-и Муҳаммадзамони Солеҳро хондам беҳтарин асар унвонаш кардам, ҳол он ки аксарият зидди ин гуфта буданд. Дар асл он сенарияи тайёри филм аст…

Баҳманёр МАҲМУДЗОДА,

нависанда:

-Соли 2010 ҳини омодасозии барномаи телевизионие аз ҳаёти устод Муҳаммадзамони Солеҳ пайвандонаш дафтареро нишонам дода буданд, ки дастнависи романи нотамоме бо номи “Муҳаммад” буд, дар бораи пайғамбари Ислом. Кош нафаре барои чопи он талош мекард.

Таҳияи
Одил НОЗИР

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.