Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Саттор Турсун дар ДСХ: Ба маъюбон ғамхорӣ кунед!

Бахшида ба Рўзи байналмилалии маъюбон 3-юми декабри соли равон дар Донишкадаи соњибкорӣ ва хизмат барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид.

Дар он Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Саттор Турсун,  номзади илмҳои тиб Саид Носирҷон, профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тољикистон Зайниддин Искандаров ширкат варзиданд.

Чорабиниро ректори донишкада, профессор Диловар Қодирзода ифтитоҳ намуда, ибтидо аз таърихи таҷлили Рўзи байналмилалии маъюбон ёдрас шуд. Номбурда изҳор дошт, ки ҳанӯз соли 1992 дар охири Даҳсолаи маъюбон (1983-1992) СММ дар як қатъномаи худ 3-юми декабрро Рўзи байналмилалии маъюбон эълон дошт. Мақсад аз эълони Рўзи байналмилалии маъюбон – ин дастгирии ин қишри ҷомеа ҷиҳати дастрасӣ ба тамоми арзишҳои башарӣ, кӯмаку дастгирии ҳамешагии онҳо ва ҳамгироии пайвастаи онҳо дар равандҳои ҷомеа мебошад.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун  батафсил атрофи масъалаҳои гуногуни марбут ба тарбия, дастгириву кӯмаки маъюбону барҷомондагон андешаронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки ҳар чи бештар бояд ҷавонон новобаста аз ихтисосашон рӯ ба осори бадеӣ биёранд ва мутолиаи доимӣ метавонад онҳоро аз ҳар гуна ҷаҳолат дур сохта, ба оламу одам ошно созад. Ба андешаи Саттор Турсун, ҷавонон набояд фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гардида, худро қурбони ғаразҳои сиёсӣ ва манфиатҳои халқиятҳои бегона гардонанд. Ӯ барои ҳидояти ҷавонони тоҷик ба сӯйи рӯшанфикрӣ ва ифтихор аз Ватану давлати соҳибистиқлоли хеш андешаҳои ҷолибу хотирмон баён дошт. Номбурда аз муқаддасоти миллӣ, забони тоҷикӣ, пайравӣ доштан ва ибрат гирифтан аз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва ғояҳои инсондӯстӣ, талқини муҳаббату якдигарфаҳмӣ, ки ҳазорсолаҳо дар осори бузургони мо мавқеи хоса дорад, сухан ронда, ғамхорӣ ба маъюбону нотавононро аз ҷумлаи амалҳои писандида ва қобили дастгирӣ номид.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.