Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Се ҷавони мошиндузд

 Се нафар ҷавонони 19, 20 ва 22 – солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуданд. Гумонбаршудагон, 2-юми апрели соли 2017 автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106”-ро, ки ба марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шарораи ноҳияи Ҳисор тааллуқ дорад ва дар кӯчаи Машъали шаҳри Душанбе гузошта шуда буд, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд.

Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.