Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Се фазилати Ҷӯрабек Назрӣ ва орзуе, ки бо худ ба хок бурд

Соли 2020 барои мардуми тоҷик соли сахту пурдарду ғаме буд. Дар ин сол бар асари хурӯҷи вабои аср бо номи коронавирус ҷомеаи илмию фарҳангии Тоҷикистон талафоти калон дод. Бисёр шахсиятҳои барҷаставу номдор дар ин сол моро тарк карданд.

Аз ҷумла, 24 майи соли 2020 доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, донишманду ҳунарманди овозадори  тоҷик устод Ҷӯрабек Назрӣ ба таври ғайричашмдошт ҷони ширинро ба ҷонофарини хеш таслим кард ва дили шогирдону, мухлисону ҳаводорони хешро маҳзуну доғдор намуд.

Ҷӯрабек Назрӣ бо рафтору кирдор ва ҳунару истеъдоди фитриаш ин ифтихорро ба даст оварда, номи некашро дар радифи шахсиятҳои маҳбуби миллии кишвар сабт кард. 

Устод Ҷӯрабек дар зиндагӣ аз чанд хусусият бархӯрдор буд.

Якум, донишманди соҳибмаърифат ва донандаи хуби адабиёти классики форсу тоҷик буд.

Дувум, ҳунарманди мумтозу соҳибсабку соҳибмактаб гардид.

Савум, забони гуфтор ва истеъдоди фавқулодааш ҳангоми муомилаву муошират бо мардум ӯро гули сари сабади маҳфилҳо карда буд.

Бо ин се хусусияти хос Ҷӯрабек Назрӣ ҳамчун шахсияти миллию фарҳангӣ ба камол расидааст. 

Устод Муъмин Қаноат ин фазилатҳои ӯро ба назар гирифта, баҳои дақиқ ба шахсияти Ҷӯрабек додааст: «Ҷӯрабек Назрӣ шахсияти ҳамафаслӣ ва бисёрқутба аст. Дониши амиқ ва фикри расо дорад. Дар суҳбат зоҳир мегардад, ки мардест каримуласл, шарифулъариз, дақиқунназар, амиқулфикр ва соқибураъй. Ҳарчанд ходиму хидматгузори беҳини илму фарҳанг аст, дар мутрибӣ ва овозхонӣ мақоми баландро соҳиб шуд».

Як нуктаро бояд зикр кунам, ки ҳунари овозхонияш сифати донишмандии ӯро зери соя қарор дода буд. Мардум нисбат ба донишмандияш ошиқи ҳунари овозхонии ӯ буданд, зеро аз тариқи радиову телевизион аз садои нарму дилнишин ва ғазалиёти нобе, ки барои сурудан интихоб мекард, лаззат мебурданд. 

Ҷӯрабек Назрӣ дар даҳаи 60-80-и асри гузашта, замоне ки фарҳангиёни кишвар аз таназзули фарҳангу забон ва ахлоқи миллӣ бонги хатар мезаданд, аз беҳин мубаллиғони фарҳангу маънавияти миллӣ ба шумор мерафт. Ӯ дар айни ҷавонӣ аз тариқи радиову телевизион аз осори шоирони классики форсу тоҷик,  аз ҷумла Хоҷа Ҳофиз, Мавлонои Балх, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Сайидо, Ҳилолӣ ва ғ. оҳангҳои марғубу дилнишин сохта, пешкаши мухлисонаш мекард. 

Ҷӯрабек Назрӣ олиму фозилу донишманди нуктасанҷе низ буд. Ӯ рисолаи номзадии хешро дар мавзӯи “Дараҷаи омӯхта шудани ҳаёти Мактабии Шерозӣ ва достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-и ӯ”, дар соли 1974 дифоъ намуд. Дар маҷмӯъ Мактабии Шерозӣ як шоири ношинохта дар муҳити донишгоҳии Тоҷикистон буд ва Ҷӯрабек Назрӣ тавассути рисолаи мазкур Мактабии Шерозӣ ва осори ҳаҷман хурди ӯро дар Тоҷикистон муаррифӣ кардааст. Шодравон Ҷӯрабек Назрӣ дар ин рисола достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Мактабии Шерозиро бо достонҳои ҳамноми Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ муқоиса намуда, умумияту фарқият ва бархе хусусиятҳои адабию бадеии онҳоро моҳирона ошкор кардааст. Гарчанде достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Мактабии Шерозӣ наздики 20 маротиба дар Теҳрону Исфаҳон ва Шерозу Бомбай чоп шуда бошад ҳам, то кунун матни илмию интиқодии он нашр нашуда буд. Бинобар ин устод Ҷӯрабек Назрӣ аввалин адибу муҳаққиқ дар ҳавзаи кишварҳои ҳамзабон аст, ки аз рӯи панҷ нусхаи муътабар матни илмию интиқодии достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Мактабии Шерозиро омода кард, ки он соли 1373ҳ.ш/1994м., дар Теҳрон ба хатти форсӣ чоп ва дар дастраси муҳаққиқон қарор гирифт. Устод ҳамчунон, фаъолиятҳои илмии хешро густариш дода, дар мавзӯи «Ривоёти Библияву Қуръон роҷеъ ба Сулаймон ва таҳаввули он дар адабиёти форс-тоҷик» (1996) рисолаи доктории хешро ҳимоя кардааст. 

Донишмандию ҳунармандии устод, мисли ду боли паранда, роҳро барои парвози Ҷӯрабеки ҷавон ба сӯи қуллаҳои мурод ҳамвор кард. Ӯ хеле зуд ба шуҳрату мақоми иҷтимоӣ даст ёфт, аммо мағруру мутакаббир нашуд.

Устод Ҷӯрабек Назрӣ, ҳамчунин, дар таҳияи осори классикони форсу тоҷик нақши калон гузоштааст. Бо заҳмату талошҳои ӯ “Таърихи Ҳумоюн”-и Содиқхоҷаи Гулшанӣ (Душанбе, 2007), “Сулаймоннома”-и Зулолии Хонсорӣ (Душанбе, 1996), “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш (Душанбе, 2017), ҷилдҳои  I–IV «Феҳрасти нусхаи хаттии форсии Институти шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ Тоҷикистон» (Теҳрон, 2004), “Девони ашъор”-и Шамсиддини Шоҳин (Душанбе, 2018), “Туҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб”-и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ (Душанбе, 2020) мунташир шудааст.

Муҳимтарин хидмати устод Ҷӯрабек Назрӣ дар бахши таҳияи осори классикони форсу тоҷик таҳияи доират-ул-маорифи тиббии Исмоили Ҷурҷонӣ маъруф ба “Захираи Хоразмшоҳӣ” дар даҳ ҷилд аст, ки бо талошҳои шабонарӯзии ӯ ва гурӯҳи корӣ дар Маркази мероси хаттии АМИТ омода шудааст. Дареғу дардо, ки умр вафо накард ва устоди зиндаёд чопи ин ганҷинаи пурифтихорро надид ва ин орзуро бо худ ба хок бурд.

Зиндаёд Ҷӯрабек Назрӣ бо дили бедору қалби саршор аз ишқу муҳаббат ба Ватану ҳамдиёрони хеш зиндагӣ кард, талош кард, хидмат кард ва ном некашро дар қалби мардуми равшанзамир барои ҳамеша ҳаккокӣ намуд. 

Беҳрӯзи Забеҳулло,

номзади илмҳои филологӣ

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj