Селаи шоҳпаракҳо мардумро ба воҳима андохтааст

Имрӯз селаи шоҳпаракҳо шабеҳи селаи малах дар шаҳри Душанбе пайдо шуда ва миёни сокинон як навъ биму ҳаросро ба миён оварданд.

Имрӯз селаи шоҳпаракҳо шабеҳи селаи малах дар шаҳри Душанбе пайдо шуда ва дар миёни сокинон як навъ биму ҳаросро ба миён оварданд.

Донишмандони Академияи Улуми Тоҷикистон рӯзи 19 май ба Tajikistan times гуфтанд, ки тибқи омӯзиши муқаддамотӣ ин шоҳпаракҳо дар минтақаи Турсунзодаю Ҳисор пайдо шуда ва селаҳои бузурги он ҷониби Душанбе ва ноҳияи Ваҳдат дар ҳолати ҳаракат ҳастанд.

Ба гуфтаи донишмандон, дар пайи борандагиҳои зиёди ҳафтаи ахир шоҳпаракҳо бармаҳал аз тухм берун омада ва барои пайдо кардани ғизо ба парвоз даромадаанд.

Гуфта мешавад, ин шоҳпаракҳо безарар буда ва умдатан шарбати гулро мехуранд. Аз ин лиҳоз, донишмандон тахмин мезананд, ки шояд селаи шоҳпаракҳо ба самти доманакӯҳҳои самти Варзоб ва Ромит ҳаракат кунанд.

Дар назар аст, шоми имрӯз, 19 май донишмандони Академияи Улуми Тоҷикистон натоиҷи таҳқиқоташон дар мавриди ин навъи шоҳпаракро эълон кунанд.

Tajikistan times ин қазияро пайгирӣ карда ва аз натиҷааш хабар хоҳад дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *