Сели азим дар Ҳисор (видео)

Рӯзи 14 апрел, тақрибан соатҳои 14:30-15:00 дар деҳаи Иттифоқ, воқеъ дар шаҳри Ҳисор дар пайи боришоти шадид сели азим омад.

Бино ба гуфтаи шоҳидон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин офати табии ба чанд хонаи истиқоматӣ ва полезу заминҳои кишти сокинон осеб расонд. Сокинон мегӯянд, ҳар сол чунин селҳои шадид ба ин деҳа зарари зиёд мерaсонанд, вале масъулин чора намебинанд. Сокинон аз ҳукумат мехоҳанд, ки намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро ба маҳалли ҳодиса фиристанд, то чораҳои зарурӣ андешида, пеши роҳи такрори чунин офатҳоро дар оянда бигиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *