Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шӯрои амният: Беш аз 10 ҳазор нафар афв шуданд

Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъкид шуд, ки феълан Қонуни афв нисбати зиёда аз 10 ҳазор нафар татбиқ шуда ва беш аз 6 ҳазор нафар аз маҳбасҳо озод шудаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Президенти Тоҷикистон, Мансурҷон Умаров, муовини вазир ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия дар ин бора дар ҷаласаи Шӯрои амният ҳисобот додааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар рӯзи 25 октябри соли 2019  дар парлумон тасвиб ва худи ҳамон рӯз аз ҷониби Президент имзо шуда буд.

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон имрӯз, 14 ноябр таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президент ва Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ба ҳангоми иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» омилҳои коррупсионӣ пешгирӣ карда шавад.

Ҳамчунин, дар ин ҷаласа ҳодисаи  ҳуҷуми мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод», ки 6 ноябри соли 2019 ба амал омада буд ва чораҳои таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ муҳокима гардид.

 Доир ба ин масъалаҳо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирони корҳои дохилӣ ва мудофиа, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳисобот доданд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.