Иди Рамазон сешанбе ё чоршанбе? Қарори Шӯрои уламо баромад

Субҳи 5-уми июн соати 06:00 дар тамоми масҷидҳои ҷумҳурӣ намози Иди саиди Рамазон баргузор мегардад.

Имрӯз соати 11:00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси Шӯрои уламои Марказии исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро ба муносибати даҳаи мубораки Рамазон ва омад-омади Иди саиди Рамазон табрику таҳният гуфт. Сипас Раиси Маркази исломӣ ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис ошно намуда, қайд кард, ки мувофиқи ҳисоби илмӣ рўзи Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рӯзи 5-уми июн рост меояд.

Пас аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис аъзои Шӯрои уламо чунин қарор карданд:

  1. Иди саиди Рамазон дар кишварамон рўзи 5-уми июн муайян карда шавад.
  2. Намози ид дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ соати 06:00 баргузор карда шавад.

Ба маълумоти хонандагони tajikistantimes.com мерасонем ки моҳи шарифи Рамазон 6-уми май оғоз ёфт ва 5-уми июн хотима меёбад. Субҳи 5-уми июн соати 06:00 дар тамоми масҷидҳои ҷумҳурӣ намози Иди саиди Рамазон баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *