Шӯрои уламо: Таҳдидҳо асос надоранд,ризқатон кам намешавад

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон шеваи таҳдидидомези паҳнсозии паёмакҳои дорои муҳтавои диниро шарҳ додааст. 

Корбарони сомонаи Шӯрои уламо суол кардаанд, ки вақтҳои охир паёмакҳо дар бораи номҳои Худо ва ё ҳаёти Пайғомбар (с) зиёд ирсол мешаванд ва дар онҳо таъкид мегардад, ки агар ин паёмро ба даҳ ё бист нафар равон накунӣ, даҳ ё бист соли ризқи инсон кам мешавад: “Оё бовар ва амал кардан ба он дуруст аст?”

Шӯрои уламо посух додааст, ки “албатта ҳифз ва азбар намудани асмои ҳуснои Худованд аҷру подоши бузурге дар бар дорад, инчунин огоҳӣ аз сират ва зиндагиномаи Расули акрам (с) низ фазилатҳои зиёдеро дорост ва бояд ҳар як нафар ба қадри имкон аз ин маълумот огоҳӣ дошта бошад, аммо ин иддао, ки агар матолиби паёмакро ба даҳ ё бист нафар равон накунӣ, даҳ ё бист соли ризқат кам мешавад, асоси шаръӣ надорад ва набояд ба он бовар кард”.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *