Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шаҳбоз номашро Умед монду ноумед шуд ва ё чаро ӯ 10 сол зиндонӣ гашт?

Бо ҳукми суди ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон  нисбат ба истиқоматкунандаи деҳаи Боғи Зоғон, ҷамоати деҳоти Сарихосори ноҳияи Балҷувон Абдураҳмонов Шаҳбоз Ҳайдаралиевич  ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол,  бо нигоҳ доштан дар колонияҳои дорои низомаш пурзӯр таъйин карда шуд,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тавре дар хабари Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст,  Абдураҳмонов Шаҳбоз Ҳайдаралиевич аввалҳои моҳи феврали соли 2021 бо роҳи фиреб  ба боварии сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Подшоева Миҷгона Бахтиеровна даромада, худашро бо номи Саидов Умед ҳамчун корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда, ваъда додааст, ки ба ивази  4500 сомонӣ  ба  ӯ бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ қитъаи замини  наздиҳавлигӣ  ҷудо карда медиҳад.

Шаҳбоз Абдураҳмонов аз Подшоева Миҷгона бо роҳи ҷиноят 4500 сомонӣ  гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст, ки бо ин кирдораш ба шаҳрванд Подшоева М зарар ба микдори махсусан калон мерасонад.

Шаҳбоз Абдураҳмонов такроран аввалҳои моҳи феврали соли 2021 бо роҳи фиреб  ба боварии сокини дигари ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Файзова Гулнорой Менгалиевна даромада, худашро боз  корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи  Саидов Умед муаррифӣ карда, ба ин шаҳрванд низ ваъда додааст, ки ба ӯ бар ивази  10 ҳазор сомонӣ аз ҳудуди ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ  қитъаи замин наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад.

Ин даъфа ҳам  ӯ  10 ҳазор сомонӣ маблағи пулии бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро аз номбурда гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст, ки бо ин кирдораш ба шаҳрванд Файзова Г.М. ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ зарар ба микдори махсусан калон расонидааст.

Аз дафтари аъмоли Шаҳбоз:

Шаҳбоз Абдураҳмонов,  худро  ҳамчунин корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саидов Умед муаррифӣ карда, бо роҳи фиреб ва сӯъистифодаи боварӣ аз шаҳрвандон:

Подпись: •	Элназаров Н.Ф. маблағи 1500 сомонӣ, 
•	Мирзоалиев А.Қ. маблағи 3500 сомонӣ, 
•	Сафаралии Т. маблағи 7000 сомонӣ, 
•	Ҷумаев С.Т. маблағи 5000 сомонӣ, 
•	Одинаев Э.Р. маблағи 4500 сомонӣ, 
•	Амиршоев Ҷ.Ғ. маблағи 8000 сомонӣ, 
•	Мирзоалиева М.Қ. маблағи 3500 сомонӣ, 
•	Амиров Ф.Х. маблағи 4000 сомонӣ, 
•	Ҷумаев М.А. маблағи 4000 сомонӣ, 
•	Эгамбердиева Ф.Р. маблағи 3500 сомонӣ, 
•	Эгамбердиева С.А. маблағи 3500 сомонӣ, 
•	Абдуллоева С.Ҳ. маблағи 3500 сомонӣ, 
•	Шарифов Б.Н. маблағи 3500 сомонӣ, 
•	Пирназаров С.С. маблағи 10800 сомонӣ,
•	 Рустамов Ю.А. маблағи 500 сомонӣ ва аз 
•	Қурбонов М.А. маблағи 9000 сомонӣ
  • ба манфиати шахсияш истифода бурда, ба шаҳрвандони мазкур  зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Прокурори ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ  нисбат ба Абдураҳмонов Шаҳбоз Ҳайдаралиевич бо моддаи 247,  қисми 2 бандҳои “а,в”, 247 қисми 3 банди “в” ва 247 қисми 4 банди “б”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ, ба суд фиристонида буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.