ШАҲОДАТ Ё КИ ОЗОДИИ МИЛЛАТ!(суруди размии Аҳмади Масъуд)

Ҳанӯзам зинда дар рӯи заминам,

Худорову расулашро аминам.

Таваллуд гаштаам бо рӯҳи озод,

Ва ҳам бо ишқи мулки нозанинам.

Чу шере дар хатар, аммо сарафроз,

На монанди шағолон дар каминам.

Гуноҳам ин: тоҷик зода гаштам,

Нахоҳад душмане тоҷи заринам.

Худо шоҳид, ки аз оғози таърих,

Ҷафопарвардаи чархи баринам.

Ғаму ранҷам барои ҷоҳу зар нест,

Барои қисмати миллат ғаминам.

Басе хуни шаҳидон рехт, бас нест?

Ба номи тахту рахту ҳизбу динам.

Ба ҷуз бозуи худ ку муттакое?

На бо уммеди Ғарбу Русу Чинам.

Зи бархе дӯстон дидам хиёнат,

Бигӯ ҳоло, зи душманҳо чӣ бинам?!

Падар ҳар шаб ба хобам медарояд:

Зи ту уммеди дил буда ҳаминам!

Ба монанди касе будан натонам,

Ба зери сояи кас кай нишинам?!

Гаронгӯшони дунё бишнаведам:

Ки Аҳмад пури Масъудам, чунинам;

Шаҳодат ё ки озодии миллат!

-Ки нанвишта ҷуз инҳо дар ҷабинам!!!

Бузургмехри Баходур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *