Тошканд арзонтарин шаҳр барои зиндагии сайёҳон дониста шуд

Дар як назарпурсии «Cost of Living Survey», ки ширкати байналмилалии машваратии Mercer омода кардааст, шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ба қатори арзонтарин шаҳр барои иқомати сайёҳон дониста шуд.

Дар ин пажӯҳиш байни кишварҳои Осиё шаҳри  Ишқободи Тукманистон гаронтарин шаҳр ва дар ҷаҳон баъи Ҳонгконг дувумин шаҳри гарон барои будубоши хориҷиён дониста шуд.

Дар раддабандии ин ташкилот Тошканд дар баробари Карочӣ, Бишкек, Виндҳук (пойтахти Намибия) ва Тунис шомили феҳрист мусоидтарин шаҳр ва арзонтарин шаҳр барои сайёҳон дохил шуд.

Зиндагӣ дар пойтахти Туркманистон барои хориҷиҳо назар ба Токио, Сингапур ва Ню-Йорк гаронтар будааст.

Назарпурсӣ бо назардошти қурби асъор, нархи молҳои асосии истеъмолӣ, хидматрасонӣ, сатҳи таваррум ва пули иҷора миёни мутахассисоне анҷом шудааст, ки дар кишварҳои гуногун кору зиндагӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *