Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия дармонда буданд ба ватан оварда шуданд

Имрӯз 23 май 194 шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ бар асари хуруыи СOVID-2019 дар Туркия дармонда буданд, ба Душанбе баргардонида шуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад,

Гуфта мешавад, ки дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шудааст, ки нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба иллати ҳамагирии COVID-19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ гардад.

Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ шаҳрвандони гиромиро бовар мекунонад, ки сарфи назар аз мушкилоти зиёди бесобиқа, тамоми чораҳои зарурӣ  барои солиму эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон дар дохил ва хориҷ ва ҳарчи зудтар раҳоӣ ёфтан аз ин бемории ҳамагир андешида хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *