Шаҳрвандони дармонда дар ИМА-ро ба ватан оварданд

Дар натиҷаи хуруҷи бесобиқаи  каронавирус дар ИМА  ҳукумати Тоҷикистон маҷбур шуд то зиёда аз 60 шаҳрвандашро бо анҷоми парвози махсус ба ватан баргардонад, хабар медиҳад, Asia-Plus

Бино ба иттилои манбаъ имшаб бо хатсайри махсус аз Вашингтон (ИМА) ба ватан баргаштанд. Парвози ҳавопаймо бо мусоидати Вазорати хориҷаи ИМА ва сафорати Тоҷикистон дар он кишвар ташкил шуд.

Дар байни баргаштагон донишҷӯёни барномаҳои амрикоии Флекс ва Фулбрайт ҳастанд, ки дар ИМА таҳсил дошта, бо сабаби пандемия ба ватан баргашта натавонистанд.

Интизор меравад, ки фардо дар бозгашти ин хатсайри махсус шаҳрвандони ИМА, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ба ватан бармегарданд.

Дар ҳамин ҳол, тавре сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз тариқи хатсайри Душанбе — Сургут — Екатеринбург парвоз анҷом дода мешавад. Тоҷикистон ба иҷрои парвози хатсайри SVR8954 иҷоза дод.

Ба шаҳрвандони Русия, ки хоҳиши парвоз аз Тоҷикистон бо ин хатсайрро доранд, тавсия дода шудааст, ки билетҳоро тариқи онлайн ё аз кассаҳои фурудгоҳҳои Душанбе шурӯъ аз соати 12:00 дастрас намоянд. Арзиши пешакии билет — 4500 сомонӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *