Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шаҳноз Самовот – Эрон

Сароб

Сангини шабнаме, ки бар барги хотиротам нишаст,

Бо насими навозишгари саҳаргоҳон,

Ба итмом расид.

Ҳоли шабгард,

Ту дар кӯчаҳои хотиротам,

Асрори  рақси мастонаи гули ёс,

Ки дар най медамадро дидаӣ?

***

 Орзу

Гургу меш ҳавоӣ буд,

Дар дили ману танҳоӣ.

Рақси оташи соҳили рӯъёҳоям,

Парвонаро бар тори мӯйҳоям нишонд.

Нури маҳтоб хиромон,

Бар обҳои чашмонам тобид.

Ошиқу шайдо,

Навои шӯрро менавозам.

То чанге бар рӯъёҳои гумшудаи,

Дашти ололаҳоям занам.

***

Умед  

Девори сангӣ ҳам як рӯз бунбасти ман буд,

Имрӯз сарамро ба он такя медаҳам.

Кӯлаборам пур аз аксҳои рангист,

Чашмонам бо ҳар ранг хотироташро,

Ба боли парвона месупорад.

شهناز سماوات — ایران

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.