Шаҳрдории Душанбе макони худро иваз кард

Ҳайати дастгоҳи шаҳрдории Душанбе ба раҳбарии раиси нави пойтахт Рустами Эмомалӣ ба макони нави кор – сохтмони қасри собиқи президенти ҷумҳурӣ кӯчидааст. Ин манбаъ гуфт,ки  шаҳрдори нав ҳамроҳ бо муовинонаш дар ин бино кор хоҳад кард ва боқии зердастонаш ҳанӯз дар ҳукумати ҳозираи пойтахтанд.

«Аз рӯи маълумоти охир, маҳз дастгоҳи шаҳрдори Душанбе дар қасри собиқи президент ҷой гирифта, ҳанӯз шӯъбаҳои дигари марбут ба шаҳрдорӣ, мисли  шӯъбаи фарҳангу маорифу тандурустӣ ҷо ба ҷо нашудаанд», — мегуяд як  манбаи огоҳ.

Сабаби  ҷойивазкунии мақомоти Душанбе шомили нақшаи бозсозии пойтахт будани бинои ҳукумати шаҳр дар хиёбони Рӯдакии пойтахт аст. Ин нақшаҳо бахше аз Генплан ё барномаи азими бозсозии симои шаҳри Душанбе аст, ки давоми солиёни охир мири собиқ Маҳмадсаид Убайдуллоев пиёда мекард. Рустами Эмомалӣ –роҳбари нави шаҳр ҳанӯз нагуфтааст, ки оё дар мақоми худ нақшаи бозсозии пойтахтро идома хоҳад дод, ё на.

Қасри президенти  ҷумҳурӣ дар замони Шӯравӣ «Сека» ё макони кори роҳбарияти аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва ҳамзамон ҳукумати  ҷумҳурӣ буд. Ин бино солҳои 1940-1946 аз рӯи тарҳи архитектори Шӯравӣ Стефан Анисимов бунёд шуда, яке аз сохтмонҳои зебои он замон ба ҳисоб мерафт.

Баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ ин сохтмон Қасри президент ва ҷои кори Эмомалӣ Раҳмон ва дастгоҳи ӯ шуд. Баъди анҷоми бунёди Қасри миллат дар солҳои 2008-2009 ин кох ба макони кор ва ҳам қабули меҳмонони хориҷиву баландпояи президент ва ҳам макони имзои созишномаҳои муҳими давлатӣ табдил шуд.  Қасри миллат бахше аз муҷтамаи азими «Кохи миллат» аст, ки сохтмонаш дар соли 1998 бо гузоштани пайкараи Исмоили Сомонӣ оғоз шуда, дар маркази шаҳри Душанбе майдони баробар ба 28000 метри мураббаъро фаро мегирад. Он дар ҷойи пешинаи пойгоҳи 201-уми Русия, дар як баландии намоёни пойтахт, дар канори Боғи Рӯдакӣ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон бунёд шудааст.Дар арафаи ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, дар канори Кохи Миллат парчами 165-метрии Тоҷикистон барафрохта шуд. Баъдан сохтмони нави Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки дар ҷои бозори «Баракат» сохта шуд, яке дигар аз бахшҳои ин муҷтамаъ гардид.Зимнан, дастгоҳи президент ҳамроҳ бо тамоми кормандонаш, ки дар гузашта дар қасри президент (секаи собиқ) амал мекард, ба сохтмони нави ҳукумати Тоҷикистон, воқеъ дар бинои нави ҳамшафати Вазорати корҳои хориҷӣ кӯчид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *