Шабнами Сурайё бо раққосаҳояш ҷаҳонро қоил кард (Видео)

Имрӯз сарояндаи саршиноси тоҷик Шабнами Сурайё дар шаҳри Ҳамбурги Олмон консерт баргузор намуд. Дар консерт аз тамоми мамолики дунё дар ин маросими ҷоизасупорӣ, иштирок доштанд. Дар ин рӯз мебоид ба сароянда ва дигар иштирокчиёни консерт тӯҳфаи арзандатарин ҷоизаи “ Daf Bama Music Awards-2016″супориданд, вале…

Дар ин навор, ки аз маросими тақдими ҷоизаҳои «Daf Bama Music Awards-2016» бардошта шудааст, дида мешавад, ду раққоси нимбараҳна дар ҳавои таронаи фолклории “Кабки хушрафтор” рақс мекунанд. Корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштаанд, шеваи ҳаракати раққосаҳо ва тарзи либоспӯшии онҳо ба суруд умуман мутобиқат надорад. Умед Ҷайҳонӣ, пажуҳишгари тоҷик зери ин навор дар Фейсбук навиштааст: “Дареғам меояд, ки ҳунаре чунон зебову волоро чунин пасту фурӯмояву хору зор мекунад”.

Шоир Сафо Алиназар гуфтааст, “…фарҳанги ҳазорсоларо ба дор мекашанд”. Як корбари дигар гуфта, ки агар вазири фарҳанг мебуд, фиттаи ин наворро сӯи хонандаи он ҳаво медод.

Шавқмамад Пӯлодов, овозхони маъруфи сурудҳои фолклор ҳам мегӯяд, ин гуна рақсҳо воқеъан бо суруди фолклории “Кабки хушрафтор” мутобиқат намекунад.
Пӯлодов аз як консерти Далер Назаров, овозхони номовари тоҷик дар Маскав мисол зад, ки як гуруҳи рақсии Русия пешниҳод кардааст, зери сурудҳои ӯ бирақсанд: “Далер ин пешниҳодро рад карда, гуфт рақси шумо бо сурудҳои ман ҷур намеояд. Агар лозим шавад Шавқмамад худаш рақс мекунад”.

Таронаи “Кабки хушрафтор” эҷоди Моҷон Назардодова, ҳофизи халқии Тоҷикистон буда, бар пояи матни халқӣ таҳия шудааст. Мардуми Бадахшон ин сурудро асосан ҳангоми наздик омадани фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз дар маҳфилҳои шодиву хурсандӣ мехонданд. Ба гуфтаи Шавқмамад Пӯлодов, рақсе ҳам ки дар ҳавои он анҷом дода мешавад, баёнгари расидан ба баҳор аст.

Шабнами Сурайё бори нахуст таронаи “Кабки хушрафтор”-ро ҳамроҳ бо хонандаи маъруф — Нобовар Чаноров ва гуруҳи “Шамс” иҷро кард, аммо дар Ҳамбург онро ба танҳоӣ мехонад. Ин навор дар шабакаи Ютуб аз замони нашр, яъне 16 ноябри соли равон то замони нашри ин хабар 29408 маротиба тамошо шудааст.

Шабнами Сурайё дар гузашта низ чандин бор бо ҷоизаҳои «Daf BAMA Music Awards 2016» қадр шудааст. Ӯ духтари Сурайё Қосимова, хонандаи шинохтаи таронаҳои мардумӣ ва хоҳари Фарзонаи Хуршед, яке аз сарояндаҳои попи Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

11 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *