Шафиқа Ёрқин «Дайбоҷ» — Афғонистон

Нози нигоҳ

Маро ба боли ғазалҳои ошиқонатарин,

Бибар, ба авҷи баландои бекаронатарин.

Сафедазор биёрой бо талоии зар,

Бисоти рӯз бигустар ба ҳар шабонатарин.

Бихон ҳадиси тароват ба гӯши ҷории об,

Ки ташнагӣ равад аз ёд, ҷовдонатарин.

Ба гоҳи ҷашни висоли парандагони нигоҳ,

Сарой то бисроям шодмонатарин.

Насими боғ ҳузурӣ расиду ғунчаи шавқ,

Шигифт бар тани ин шохи беҷавонатарин.

Сипоҳи сангии девор агар убур надод,

Бипар ба шаҳпари рӯъё сабукравонатарин.

Ҳузури равшани хуршедро ҳамемонӣ,

Чу ханда меикунӣ аз меҳр, эй ягонатарин.

Миёни ҳуллаи шеърам, хаёлу хотираҳот,

Чу хоби нарми бирешим буд ниҳонатарин.

Ба ҳаҷми сабзи ҳаёте, ки раста аз тани боғ,

Тўйи тараннуми дарёи пуртаронатарин.

Ба сура-сураи Қуръону ояҳояш қасам,

Ки ҳаст сураи чашми ту шоиронатарин.

***

Мани бе ман…

Бигзор ба номи ту ғазал сар кунам, эй дӯст,

Байтулғазли номи ту аз бар кунам, эй дӯст.

Бигзор, ки ман бе ман аз ин шаҳри мусофир,

Оям ба дарат сарзадаву сар кунам, эй дӯст.

Бигзор, ки аз бодаи пуршӯри мудомат,

Шури дигаре дар сару соғар кунам, эй дӯст.

Бигзор, ки ишқи ту барам хона ба хона,

Ҳар хона ба ин нур мунаввар кунам, эй дӯст.

Дар синаи ҳар гул саҳарӣ парварму боз,

Дар раҳгузари ёд ту пар-пар кунам, эй дӯст.

Дар оинаи дидаи муҳтоҷ ба дидор,

Тасвири туро дида мусаввар кунам, эй дӯст.

Дар хонаи дилтангӣ девор нагунҷад,

Ҳар он чи ки девор бувад дар кунам, эй дӯст.

Дар нури саҳар, барқи гуҳар, гармии ахгар,

Сад ҷилва зи ту бинаму бовар кунам, эй дӯст.

Имони ману ном ту пайванди азал буд,

Бигзор, ки пайванд мукаррар кунам, эй дӯст.

***

Фарёди сангистон

Нашуд ҳосил аз ин куҳнасаро ҷуз дарди сар моро,

Бидеҳ Ҳофиз зи «тарҳи тозагардун»-е хабар моро.

Шаб ояд пушти шаб бо кулабори дарду ғам бар дўш,

Магар афканда дар кунҷи фаромӯшӣ саҳар моро?

Шудем оворагони кўйи танҳоию хомӯшӣ,

Марон аз хештан ҷоно, намехонӣ агар моро.

Диёри меҳрубон ҳоло зи ёри меҳрубон холист,

Намуд ин ғурбати номеҳрубонӣ дар ба дар моро.

Зи бас аз обу хоки хеш дур афтодаем, охир,

Чу хори хушк хоҳад сӯхт ҷони бесамар моро.

Зи сангистони бефарёд ҳам фарёд бархезад,

Бигӯем андаке гар з-ончи бигузашта зи сар моро.

Чӣ ҷойи шиква аз гардун, ки аз абнои ин гардун,

Расад гоҳе ба дил захмею гоҳе бар ҷигар моро.

***

Вайронии рӯъё

Ман он шамъам, ки умре дар шарори хеш месӯзам,

Чароғи лолаам, рӯйи мазори хеш месӯзам.

Агарчӣ ҳар гуле дар оташи поиз месӯзад,

Ман аммо, он гулам к-андар баҳори хеш месӯзам.

Чинору коҷро не дасту не санге диҳад озор,

Зи бас пурҳосилам аз баргу бори хеш месӯзам.

На ҳамдардӣ, ҳамовоӣ, на таскине, тасаллое,

Дар ин ғурбат худам бар ҳоли зори хеш месӯзам.

Тамоми шикваҳои мардумон аз ҷаври ағёр аст,

Ман он озурдаам к-аз ҷаври ёр хеш месӯзам.

Зи бас ошуфта шуд хобам дар ин ободии ҳиҷрат,

Зи вайронии рӯъёи диёри хеш месӯзам.

***

Биё…

Рафтаӣ аз чашму дар дил мондагор астӣ ҳанӯз,

Бар равони беқарори ман қарор астӣ ҳанӯз.

Биркаи чашмони ман оинадори рӯйи туст,

Мавҷию бар дӯши миҷгонам савор астӣ ҳанӯз.

Коҷи сабзӣ, дар замини синаам рӯйидаӣ,

Дар хазони хотирам рӯҳи баҳор астӣ ҳанӯз.

Хобию дигар намеоӣ ба чашмони тарам,

Орзуи дидаи шабзиндадор астӣ ҳанӯз.

Чун фурӯғ фаҷр дар ялдои шабҳоям битоб,

Нуқтаи поёни ҳаҷру интизор астӣ ҳанӯз.

شفیقه یارقین » دیباج» — افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *