Шахсияти духтаре, ки худро ба дарёи Душанбе партофт, маълум шуд

Тавре ки дирӯз, 23 ноябр Рressa.tj аз қасд ба худкушӣ задани ҷавондухтаре, ки худро аз болои пули назди бинои “Шарқи озод” ба дарёи Душанбе партофт, хабар дода буд, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ин ҳодисаро таҳқиқ намуда, шахсияти духтарро муайян намудааст.

Дар натиҷаи тафтишот маълум карда шуд, ки ҷавондухтаре, ки қасди худкушӣ кард, 17 сол дошта, сокини шаҳри Ваҳдат мебошад ва бемории рӯҳӣ дорад.

Гуфта мешавад, ки бо сабаби хуруҷ гирифтани бемориаш худашро аз болои пули дарёи Душанбе, воқеъ дар кӯчаи С.Шерозӣ ба дарё партофтааст.

Тавре ба хабарнигорони Рressa.tj маълум гардид, ҳодисаро аввалин шуда, кормандони БДА-и шаҳри Душанбе Алишер Ҷалолов ва Файзулло Раҳимов, ки дар роҳи асосӣ вазифаи хизматиашонро иҷро мекарданд, дидаанд. Баъдан, тавассути “ратсия” ин ҳодисаро ба мақомоти дахлдор хабар медиҳанд.

Аммо то омадани кормандони мақомоти милитсия Сафаралӣ Ғоибов, сокини шаҳри Душанбе, ки манзилаш дар наздикии тарабхонаи “Форель” ҷойгир аст, ногаҳон доду фиғони мардумро мешунавад. Ва мебинад, ки духтаре худро ба дарё партофт. Ӯ аз болои девори хонааш ҷаҳида, худро ба дарё партофта ва духтарро аз дохили дарё то лаби соҳил меорад. Сипас, чанд каси дигар барои кӯмак ба соҳил расида, духтарро аз об берун мебароранд.

Видеоро ин ҷо бинед

-Дар ҳавлӣ будам, якбора фиғони баланди мардум ба гӯшам расид, ки худро ба дарё касе партофт, наҷот диҳед. Ин вақт ба ҳеҷ куҷо нигоҳ накарда, аз болои девори ҳавлӣ парида, дохили дарё шудам. Духтарро бо азоб кашола карда, то соҳил расондам. Баъд чанд каси дигар кӯмак карданд ва духтарро то назди тарабхонаи “Форель” расондем. Ман фақат бо ин амалам қарзи шаҳрвандиамро иҷро кардам”.

Айни ҳол вазъи саломатии ҷавондухтари 17 сола хуб арзёбӣ гардида, барои гузаронидани ташхисҳои тиббӣ ба Беморхонаи Қарияи Боло дастрас ва таҳти назорати табибон қарор дорад.

Оид ба ҳодиса мазкур санҷиш идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.