Шариф Ҷалил — собиқадори матбуот даргузашт

Шариф Ҷалил собиқадори матбуот ва яке аз журналистони маъруфи шуравии тоҷик дар синни 85 солагӣ аз олам даргузашт.

Шариф Ҷалил собиқадори матбуот ва яке аз журналистони маъруфи шуравии тоҷик дар синни 85 солагӣ аз олам даргузашт. Марҳум қабл аз нафақа солҳои тӯлонӣ дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» фаъолият кардааст.

Номбурда аз ҷумлаи он журналистони ҳаҷвнависи тоҷик аст, ки солҳои тӯлонӣ дар радифи Басир Расо, Бобо Ҳоҷӣ, Ӯрун Кӯҳзод ва дигарон дар «Хорпуштак» — и он замон машҳур ва таъсиррасон фаъолият кард ва бо қалами тезу ҳаҷви тезутунд масоили мухталифи доғро матраҳ намуд.

Қабл аз нафақа Шариф Ҷалил ба ҳайси котиби масъули маҷаллаи «Хорпуштак» фаъолият мекард.

Ҳамкасбон марги ин журналити номварро талафоти калони журналистикаи ҳаҷвӣ арзёбӣ мекунанд.

Маросими ҷанозаи марҳум, имрӯз дар намози аср дар маҳаллаи 84 баргузор мегардад.

Аҳли қалами ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи «Tajikistantimes.com» аз марги Шариф Ҷалил андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *