Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шарифзода: Матбуоти тоҷикро хатари нестшавӣ таҳдид мекунад

Дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик бо рӯзноманигор ва муҳаққиқи соҳа Қироншоҳ Шарифзода перомуни оғозу анҷоми корномаи нахустин нашрияи миллиамон «Бухорои шариф» ва сарнавишти нашрияҳои имрӯза сӯҳбат оростем, ки фишурдаи онро пешкаш мегардонем.

 Табрикнома

— Устод, аввалан Шуморо ба рӯзи иди касбиатон самимона табрик мегӯем!

— Ташаккур. Рӯзи матбуоти мо гарчанде дар тақвим ба истилоҳ «сурхранг» нест, яъне рӯзи истироҳат нест, вале аз ҷашнҳои умумимиллист. Рӯзи матбуот на танҳо иди рӯзноманигорон ва кормандони ВАО аст, балки бештар ба тамоми мардум дахл дорад, чун матбуоти даврӣ, умуман Васоити ахбори омма барои мардум, барои ҷомеа хизмат мекунад ва мавҷудияташ низ аз мардум вобаста аст, ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ҳам ид муборак бошад!

 Аввалин мактаби рӯзноманигорӣ

– Рӯзи матбуоти тоҷик ба ифтихори рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» муқаррар гардидааст. Чун худи Шумо яке аз муҳаққиқони рӯзномаи мазкур ҳастед, ҷойгоҳи «Бухорои шариф»-ро дар рӯзгори тоҷикон чи гуна арзёбӣ менамоед?

–»Бухорои шариф» нахустин нашрияи сирф тоҷикӣ дар қаламрави имрӯза Осиёи Миёна аст. Албатта, то «Бухорои шариф» дар нашрияҳои гуногуни минтақа сухани тоҷикӣ буд, яъне, хабару мақола, шеъру ҳикояҳои тоҷикӣ ба табъ мерасиданд. вале «Бухорои шариф» дар қаламрави Аморати Бухоро маҳз бо забони точикӣ, барои мардуми тоҷик ба миён омад. Ҳамзамон, гуфтанист, ки ба миён омадани он ҳам осон набуд. Тавре ки устод Айнӣ — аввалин муҳаққиқи «Бухорои шариф», аввалин шахсе, ки аз вуҷуди ин нашрия сухан рондааст ва муҳаққиқони дигар асосан ба навиштаҳои эшон такя мекунанд, навиштаанд: «Ҳукумати амир зотан ба нашри рӯзнома розӣ набуд ва намехост, ки дар пеши назараш мисли як муфаттиш ҳамеша рӯзномае ҷилвагар бошад. Ҳукумати амир на танҳо ба рӯзномаи маҳаллӣ мухолиф буд, балки агар даст меёфт, тамоми рӯзномаҷоти исломиро мехост барҳам занад».

«Бухорои шариф» сароғози матбуоти миллии мо аст ва аҳамияти таърихии он дар ин аст, ки барои пайдо шудани сухани катбӣ дар шакли рӯзномаву маҷаллаҳо бо забони форсии тоҷикӣ дар Осиёи Миёна роҳ кушод. Ва метавон гуфт, ки «Бухорои шариф» ба нашрияҳои минбаъда «Самарқанд» ва «Оина»-и Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, ба дигар рӯзномаву маҷаллаҳои авалини даврони шӯравии тоҷик мактаби рӯзноманигорӣ низ гардид.

—  Ба суҳбат омодагӣ доштам, ки мақолаатонро оид ба даврияти чопи “Бухорои шариф” тавассути Фейсбук хондам. Бо вуҷуди ишораатон ба мавҷудияти  нусхаҳои электронии “Бухорои шариф” дар китобхонаҳои Тоҷикистон, корбарони Фейсбук боз ҳам аз дастнорасии нусхаҳои ин нахустин нашрияи тоҷикӣ баҳс доштанд…

— Бале, нусхаҳои электронии як қисми шумораҳои «Бухорои шариф» аз соли 2012 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст, боқӣ шумораҳои 100-153-и нашрия соли 2019 бо дастгирии ректори вақти ДМТ, академик Муҳаммадюсуф Имомзода аз шӯъбаи дастхатҳои нодири Китобхонаи миллии Ӯзбекистон, ба номи Навоӣ нусхабардорӣ шуда, дар шакли электронӣ дар Китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ихтиёри алоқамандон вогузор аст.       

– Шумо дар қатори омилҳои пайдоиши аввалин нашрияи тоҷикӣ  ақидаеро бештар пеш гузоштаед, ки «Бухорои шариф» бо таъсири Инқилоби якуми рус ва нашрияҳои туркизабони манотиқи мусалмоннишини Русия рӯйи чоп омад. Барои ин чӣ далели ҷиддие доред?

– Таъсисёбии «Бухорои шариф» ба чандин омилҳо вобаста аст. Албатта, то ин замон барои пайдоиши матбуот дар Осиёи Миёна заминаҳои фарҳангию маънавӣ вуҷуд доштанд. Ҳафтаномаҳои форсизабони «Ҳиндустон» (1810), «Мирот-ул-ахбор» (1822), «Когазбор» — нахустрӯзнома дар Эрони Қочорӣ (1837), «Сироҷ-ул-ахбори афғония»-и Маҳмуди Тарзӣ (Кобул, 1911), ки тавассути корвони савдогарон то ба Самарқанду Бухорову Қӯқанду Фарғона мерасиданд, миёни зиёиёни маҳаллӣ даст ба даст гашта, мавриди мутолиа ва хоҳиши пайравӣ қарор мегирифтанд. Агар ривоҷ ёфтани ҷараёни маорифпарвариро дар аввали асри ХХ, бахусус дар даҳаи дуюми он, ки ба марҳилаи нави худ ворид шуд ва ҳаракати ҷадидия дар пояи он ва таъсири бештари ин ҳаракат аз манотиқи туркнишин ва туркигӯйи Русия тавассути нашрияи «Тарҷумон» (1883-1918)-и Исмоилбек Ғаспринскийи тотор (1883-1918) ва дигар нашрияҳои манотиқи мусулмоннишини Русия «Шӯро» (Уфа, 1908-1917), «Вақт» (Оренбург,  1906-1917), ки бо ибтикору талошҳои ҷадидони тотору бошқирд таъсис шудаву берун аз минтақаҳои фаъолияташон низ шуҳрат дошта, ба гуфтаи устод Айнӣ «ин газетаҳо ба Бухоро ҳам омаданд ва дар афкори умумии Бухоро низ ҷаҳише ба вуҷуд оварданд» [3, 32]. — ро ба назар дошта бошем, ба дарки масъала наздик мерасем.

— Хуб, он нашрияҳои чопи Русия ҳама туркизабон бошанд, ба пайдоиши рӯзномаи тоҷикие дар Бухоро чӣ тавр таъсир мерасониданд?

— Ин ҳам як заҳрхандаи таърих аст, ки ҷунбиши маорифпарварӣ дар Осиёи Миёна аз алломаи давр Аҳмади Дониш бо забони форси тоҷикӣ пайдо шуд, вале бо таъсири миллигароёни Туркия ва туркзабонони Русия идомаи ҷунбиши маорифпарварии Осиёи Миёна ба дасти туркзабонон (аслан аксар тоҷикони таҳти таъсири таҳсили Туркия монда) гузашт ва дар марҳилаи сарнавиштсози минтақа ғояи «Туркистони бузург – Ватани мо» ба идеологияи давр табдил ёфт.

Бо таъсири Инқилоби якуми Рус  (1905) ва фароҳам омадани муҳити созгор ба шарофати Манифести шоҳи Русия аз 17 октябри соли 1905 дар бораи эҳдои озодиҳои демократӣ, аз ҷумла озодии сухан, дар қаламрави Генерал- губернатории Туркистон дар давоми 10-12 соли пурҳаводиси оғози садаи XX дар Қӯқанду Тошканду Самарқанду Фарғона беш аз 10 нашрия бо ному даъвоҳои гуногун, бо забонҳои туркӣ, ӯзбекию тоҷикию русӣ, туркманию форсӣ — «Рабочий» (1905-1906), «Осиё» (1905), «Вақт» (1905), «Рабочий листок Молот» (феврал-октябри с.1906), «Земля и воля» (апрел-декабри с.1906), «За народ» (1906), «Солдатский листок «Правда» (январ-апрели с.1906), «Тараққӣ» (1906-1907), «Хуршед» (1906), «Туҷҷор» (1907-1908), «Шуҳрат» (1907-1908), «Азия» (1908), «Маҷмуаи моварои баҳри Хазар» (1908), «Красное солнышко» (1909), ки аз 1 то 36 шумора ба табъ расиданд, рӯйи кор омаданд.

Нашрияҳои мазкур дар навбати худ барои пайдоиши «Бухорои шариф» заминаи боэътимоде гузоштанд. Ҳамин тавр, «омили русӣ» дар пайдоиш ва фаъолияти «Бухорои шариф» ҳалкунанда буд. Фикри нашри газета ҷавонбухориёнро ором намегузошт ва боз ҳам ба навиштаи устод Айнӣ «ҷавонбухороиён ба «латоиф-ул-ҳияли» бисёр соли 1330 ҳиҷрӣ (моҳи марти соли 1912-и мелодӣ) ба васотати Вакили сиёсии Русия аз амир рухсати нашр кардани як рӯзномаро гирифтанд» (Айнӣ С. Куллиёт,Ҷ.10.-Душанбе: «Ирфон»,1966. –С. 146).

«Ҷавонбухороиён»-и фидокор

–  Он «ҷавонбухороиён» Мирзо Муҳиддин Мансурзода ва Мирзо Сироҷи Ҳаким буданд?

–  Бале. Дастандаркорон, ташаббусгарон ва ба вуҷуд оварандагони нашрияи аввалини мо Мирзо Муҳиддин Мансурзода, аз тоҷирони муваффақи Бухоро ва адиб, табиб ва тоҷири дигар Мирзо Сироҷи Ҳакими Бухороӣ мебошанд. Ин ду нафар тавонистанд, ки «барои мусоидат ба ривоҷи робитаҳои тиҷоратии миёни Бухоро ва Русия», розигӣ ё худ иҷозати амирро барои таъсиси газета бар асоси муроҷиати Намояндагӣ ё Элчихонаи Русия дар Бухороро бигиранд, ки ниҳоят 11-уми марти соли 1912 аввалин шумораи газетаи сирф тоҷикӣ — «Бухорои шариф» дар матбааи хусусии тоҷири яҳудитабори Когон — Левӣ ба табъ расид.

– Оё дар Бухоро шахси босаводе наёфтанд, ки ба сармуҳарририи «Бухорои шариф» аз Боку Мирзо Ҷалоли Юсуфӣ даъват шуд?

– Албатта, дар Бухоро шахсони босавод, равшанфикрон, онҳое, ки ба қалам сару кор доштанд, кам набуданд (дар Бухорои онвақта 140 мадраса бо мактабҳои зеримояаш 20 ҳазор талаба доштааст), аммо шахсе, ки ба рӯзнома аз он пеш сару кор гирифта бошад, шояд набудааст. Ба ин хотир Юсуфзода аз Боку даъват шуд, чун ӯ шахси равшанфикр, форсидони хуб, ҳамчунин муҳаққиқи адабиёти классикии тоҷику форс буд. Дар баробари хуб донистани фарҳангу адабиёти мо Мирзо Ҷалол то он дам дар нашрияҳои чопи Боку «Осори ҳақиқат» ва «Ҳақиқати афкор» фаъолият карда, таҷрибаи корӣ дошт. Бо назардошти ин омилҳо равшанфикрони Бухоро ӯро ба сармуҳаррири «Бухорои шариф» даъват карданд ва аз аввал то охирин шумора ӯ сармуҳаррири рӯзнома боқӣ монд.

Ҳамчунин дар баробари сармуҳаррирӣ Мирзо Ҷалол Юсуфзода аз муаллифони фаъолтарини нашрия буд, ки ба гуфти муҳаққиқи шодравон Пайванди Гулмуродзода беш аз 200 мақолаи ӯ дар «Бухорои шариф» ба нашр расидааст. Яъне, Мирзо Ҷалол ҳамчун як мутахассис даъват шуда буд.

«Устод Айнӣ дар «Бухорои шариф» …набуданд»

– Саҳми устод Айнӣ дар таъсис ва фаъолияти «Бухорои шариф» чӣ гуна буд?

– Ин саволи Шумо ба гумонам аз он мутолиаҳоятон бармеояд, ки баъзе муҳаққиқон шояд ба хотири бештар нишон додани хизматҳои дарҳақиқат беандозаи устод Айнӣ дар омӯзишу таҳқиқи таъриху фарҳанги минтақа ва баланд бардоштани обруву эътибори ӯ, шояд аз ноогоҳӣ, гӯё иштироки фаъоли устод Айнӣ дар таъсису фаъолияти «Бухорои шариф» ва баъзе имзоҳои мустаори матолиби рӯзномаро низ ба устод Айнӣ нисбат доданӣ шудаанд, ки хилофи ҳақиқати таърихӣ мебошад. Не, устод Айнӣ дар фаъолияти «Бухорои шариф» ширкат надоштанд, ба далеле ки худи эшон дар «Намунаи адабиёти тоҷик» зикр кардаанд: «Афсус, ки нусхаҳои мудаввани рӯзнома дар дастам нест, то ки порчаҳои намуна нақл намоям. Танҳо шумораи дувуми ин ҷаридаро ба даст дорам, ки барои нишон додани забон ва тарзи баёни он аз сармақолааш сатре чанд эрод менамоям». Ҳамин чиз таъкид бар он мекунад, ки агар худи устод дар фаъолияти «Бухорои шариф» ширкат медоштанд, ё аз ҷумлаи бунёдгузоронаш мебуданд, чунин наменавиштанд. Ва ё дар дигар асарҳои таърихиашон ақаллан қайд мекарданд, ки фалон мақола ё шеъри ман дар «Бухорои шариф» чоп шуда буд.

Фаъолияти рӯзноманигории устод Айнӣ ба иқрори худашон баъдтар, асосан дар замони ба вуҷуд омадани аввалин нашрияи шӯравии тоҷикӣ — «Шӯълаи инқилоб» оғоз гардид, ки инро худи эшон дар чандин ҷой таъкид кардаанд.

Нашрияи ҷавонмарг

– Устод, сабаби аслии баста шудани рӯзномаи «Бухорои шариф» дар чӣ буд?

– Баста шудани «Бухорои шариф»-ро ба чанд омил вобаста медонанд: яке ба амир хуш наомадани нашрия ва шикояти пай дар пайи амир ба Элчихонаи Русия барои бастани рӯзнома; омили дигар, тавре ки устод Айнӣ низ таъкид намудаанд, Элчихонаи Русия бо умеди аз итоати нозириаш набаромадани нашрия иҷозати чоп дода, торафт аз нашрияи ҷиддӣ шудани «Бухорои шариф» хавотир шуд ва ишораи амирро барои бастани он чашминтизор буд. Ин ду омил сабабҳои сиёсии аз фаъолият бозмондани «Бухорои шариф» буданд.

Дар баробари ин гуфтанист, ки бинобар иллати молиявӣ, яъне, муштариёну харидорони доимӣ пайдо карда натавонистан, шурӯъ аз марҳилаи дуюми фаъолияташ (сентябри соли 1912) аз чоп бозмондан ба  «Бухорои шариф» таҳдид мекард. Дар саҳифаҳои худи нашрия ҳам омада, ки кӯшиши зиёди дастандаркорон барои афзун намудани муштариён натиҷаи камтар медод, мардуми Бухоро ва атрофи он ба ин ягона нашрияи бо забони модариашон табъшаванда ҳавсалаи обунашавӣ надоранд.

Ин дар ҳолест, ки замимаи «Бухорои шариф» — «Тӯрон», ки аз 14 июли соли 1912 бо забони туркӣ-узбекӣ ба табъ мерасид, обуначии бештар дошт. Ҳамин мисол бори дигар ба он таъкид мекунад, ки на танҳо дар ин солҳо, балки дар солҳои 20-ум низ, дар нашрияҳои тоҷикии «Шӯълаи инқилоб», «Овози тоҷик» чунин гилаву шикваҳо дарҷ гардидаанд. Дарвоқеъ, имрӯз ҳам «Овози тоҷик», ягона нашрияи тоҷикии умумиҷумҳуриявӣ, ки дар Тошканд ба табъ мерасад, аз 1000 нафар беш обуначӣ надорад, ҳол он, ки ин нашрия дар солҳои гуногун то 30 — 40 ҳазор нусха чоп мешуд.

Сарнавишти шабеҳ?

 – Оё вазъи рӯзномаҳои мустақили имрӯзаи мо ба сарнавишти нашрияҳои аввалинамон шабеҳӣ  надорад?

– Мутаассифона, монандӣ дорад. Дар чунин шароити бологузар шудани шаклу гузинаҳои интернетии воситаҳои ахбори омма, ки тақозои айём буда, мавқеи  нашрияҳои чопиро дар бозори иттилоот танг кардан доранд, агар нашрияҳои ҳукуматиамон ба шарофати ғамхории муассисонашон, ба таҳдиди бозор истодагарӣ мекунанд, вале матбуоти даврии ғайриҳукуматӣ, ё ба истилоҳ мустақиламон дар ҳолати нафастангӣ қарор доранд.

— … гуфтанӣ ҳастед, ки онҳо аз байн мераванд?

 — Ба бисёре аз нашрияҳои ғайриҳукуматиамон хавфи аз байн рафтан таҳдид дорад, вале илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ бояд ҷуст.  Ду роҳи имконпазири ҳалли мушкилотро ёдрас шуданӣ ҳастам. Якум, дастгирии давлатии нашрияҳои ғайриҳукуматӣ, ки дарвоқеъ, Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (Моддаи 5) кафолат додааст, ҳарчанд татбиқи ин амр дар шароити кунунӣ камбоваркарданӣ аст. Дуввум, тағйир додани самти иттилоотии нашрия аз ахбор ба таҳлил, ки дар ихтиёри худи муассисон ва дастандаркорони нашрияҳо аст. Модоме қариб ҳамаи нашрияҳои ғайриҳукуматӣ ҳафтанома ҳастанд, дар шароите, ки истеъмолгари иттилоот ахборро фавритару арзонтар аз воситаҳои электронӣ, ба хусус сомонаҳои интернетӣ, дастрас менамоянд, ба интишори хабар дар ҳафтанома ҳоҷате намемонад. Яъне, ҳафтаномаҳо дигар ба таҳлили вокеаву ҳодиса, рӯйдоду раванд, масоили доғи сиёсию иҷтимоӣ бояд машғул шаванд.     

…ва ниҳоят

– Ҳамасола дар Рӯзи матбуот озмунҳои гуногун ҷамъбаст мегардаду ба ғолибон ҷоизаҳо месупоранд, ки баҳсу мунозираҳо, шикояту гилагузориҳо  дар пай дорад. Аммо чаро ғолибонро хонанда, шунаванда, бинанда ё аудиторияи расонаҳо муайян намекунад?

– Аслан, ман бар онам, ки журналист набояд барои ҷоиза фаъолият кунад,  Вазифаи журналист хизмати беғараз кардан ба ҷомеа аст, яъне бо иттилоот таъмин намудани мардум, ба вуҷуд овардану савқ додани афкори мардум ва бо ин васила ҷалби мардум дар идоракунии давлат.

Аз сӯйи дигар, эътои ҷоизаҳо барои асари сазовори журналистӣ аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Шӯрои ВАО ва дигар созмонҳои ҷамъиятии касбӣ амали хуби ҳавасмандкунии қаламкашон аст, вале дуруст мегӯед, ки маҳаки асосии ғлибияти ширкатдорони озмунҳо бояд баҳои хонандаву шунавандаву бинанда бошад. Ин масъала дар замони раиси Иттифоқи журналистон будани шодравон Акбари Саттор чанд бор баҳс шуда буд, аммо бо сабабҳое номаълум татбиқ нагардид.

– Сипос барои суҳбати пурмуҳтаво, бори дигар идатон муборак!

— Саломат бошед!

Суҳбаторо

Меҳрофарин НАҶЕВУЛЛОЕВ,

донишҷӯйи факултети журналистикаи ДМТ

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.