Шароб — модари гуноҳҳост

Дар урфият мақоле бо унвони “Мастию пастӣ” маъмул аст, ки он оид ба зиён ва оқибати майпарастист.

Ҳамаи анвои машруботи масткунандаро хамр меноманд, зеро ақлро махмур мекунад ва онро мепӯшонад. Бинобар ҳамин офаридгор онро ҳамчун “гуноҳи кабир” ва “раҷас” аз амали шайтон васф кардааст. Фақеҳон ба чунин хулосае омадаанд, ки касе ҳаром будани онро инкор мекунад, худ кофир аст.

Биёед, худ қазоват кунед. Магар афзалтарин падида дар инсон ақл нест? Бале, ақл аст! Ақл ҳаст, ки инсон аз ҳайвон фарқ мекунад ва ӯро аз тамоми қабоҳатҳое, ки табъаш майл дорад, нигоҳ медорад.

Агар ақл завол ёбад, тамоми амалҳои бад ва нофорам падид меояд.

Чӣ қадар одамон дар сари мастӣ даст ба корҳои бад задаанд.

Чӣ қадар одамон зери таъсири хамр сарвату боигарӣ зану фарзанд ва умри хешро бохтаанд. Чӣ қадар одамон хуни ҳамдигар рехтанд, ба қатлу ғорат ва разилтарин корҳо даст заданд. Аз рӯи мушоҳида аксарияти ҷиноятҳо ҳангоми мастӣ ба вуқӯъ мепайванданд.

Ҷинояткор пеш аз он ки ба амали зишту номатлуб даст занад, маводи масткунандаро истеъмол мекунад. Чӣ қадар одамон хонавайрону фарзандон зиндаятим мондаанд.

Расулуллоҳ Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:

“Хамрро нанӯшед, зеро он калиди тамоми бадиҳост”.

Чуноне, ки маълум аст, чӣ мардуми араб ва чӣ мардуми аҷам қабл аз ислом шаробро ба таври оммавӣ истеъмол мекарданд ва дар шеъру суруд ва ғазалу тарона онро месуруданд. Ҳангоме ки дини мубини ислом падид омад, муяссар нагардид, ки онро як маротиба қатъиян ҳаром эълон намоянд. Зеро боз хотиррасон мекунем, ки шаробнӯшӣ қариб ба таври оммавӣ буд. Бинобар ҳамин ҳаром будани шароб дар се марҳала дар Қуръони карим нишон дода шудааст.

Дар марҳалаи нахуст дар сураи “Бақара” ояти 219 Парвардгори азза ва ҷалла чунин фармуда:  “Ай Паёмбар, аз ту аз ҳукми шароб ва қимор мепурсанд. Бигӯ, дар ин ду кор гуноҳи бузурге аст ва судҳое. Гуноҳи он ду беш аз манфиати он аст”.

Чунон ки бармеояд дар ин оят ҳаром будани шаробу қимор ифода ёфтааст, яъне “дар ин ду кор гуноҳи бузурге аст”.  Яқин тамоми гуноҳҳо ҳаром аст, ба қавли Парвардгори азза ва ҷалла: “Бигӯ, ай Паёмбар, ки Худои ман ҳар гуна аъмоли зиштро чӣ дар ошкор ва чӣ дар ниҳон манъ (ҳаром) фармуда”. (“Алаъроф”)

Худованд дар ояти боло шаробу қиморро на танҳо гуноҳ номида, балки онро “исми кабир”, яъне “гуноҳи бузург” васф кардааст, ки ин таъкидест ба ҳаром будани он.

Ибораи “манофеъ” “линнос”-ро дида мебароем, мурод аз ин баъзе манфиатҳои дунявиро ба баъзе афрод дар назар дорад. Дар соири корҳои манъшуда (ҳаром) баъзе манфиатҳое ҳаст. Вале он манфиатҳо ба зарарашон баробар нестанд. Чуноне ки дар оят шарҳ дода мешавад “гуноҳи он ду беш аз манфиати он аст”.

Сипас дар марҳалаи дуввуми ҳаром будани шароб дар сураи “Нисо” омада:

“Ай аҳли имон, ҳаргиз дар ҳоли мастӣ ба намоз наоед, то бидонед ҳузури кистед, чӣ мегӯед ва чӣ мекунед”.

Сабаби нозил шудани ин оят дар он аст, ки яке аз мусулмонон дар ҷамъомаде бо дӯстони хеш шароб нӯшиданд. Салоти мағриб фаро расид ва онҳо ба хондани намоз бархостанд, яке аз онҳо ҳангоми қироат хато кард ва акси оятро гуфт.

Ҳангоме ки ояти дар болои овардашуда нозил шуд, қисми зиёди мусулмонон шаробнӯширо тарк карданд. Зеро фосилаи байни намозҳо наздик аст ва дар ҳолати мастӣ нашояд, ки намоз хонд. Ибодати Парвардгор аз рӯи ақл аст. На дар ҳолати мастӣ, ки ақлаш рафта бошад. Аз ин ҷост, ки намози шахси маст маъное надорад.

Марҳалаи саввум баъди гузаштани чанд муддат фаро расид ва  амри илоҳӣ нозил шуд, ки дар он қатъиян ҳаром будани шароб ифода ёфтааст. Зеро баъзе мӯъминон дар ҳолати мастӣ ҳамдигарро ба қатл расондаанд, ки он осори давраи ҷоҳилият буд.

Худои Таъоло дар сураи “Алмоида” фармуда: “Ай аҳли имон, шароб ва қимор ва бутпарастӣ ва тирҳои гаравбандӣ (ки расме буд дар ҷоҳилият) ҳамаи инҳо палид ва аз амали шайтон аст. Аз он албатта дурӣ кунед, то растагор шавед. Шайтон қасди он дорад, ки ба василаи шароб ва қимор миёни шумо адоват ва кина барангезад ва шуморо аз зикри Худо ва намоз боздорад, пас шумо оё аз он даст бармедоред (То ба фитна ва фиреби Шайтон мубтало ба анвои балоҳо гирифтор нашавед)”.

Дар ин оят қатъиян ҳаром будани шароб мушоҳида карда мешавад: Якум: Худованд шаробу қимор ва бутпарастиро ҳаром гуфта, онҳоро бо ҳам баробар дар мартабаи якхела гузоштааст. Ҳол он ки бутпарастӣ дар ислом қабеҳтарин амал ва гуноҳи бузург ҳисобида шудааст. Дуввум: Шароб аз қимор палид шуморида шудааст. Дар луғат калимаи “риҷс” яъне палид чизи фасод ва наҷасро мефаҳмонад. Бинобар ҳамин мӯъмин бояд нисбати он нафрат баён кунад в аз он дурӣ ҷӯяд.

Саввум: Дар ибораи дигар шаробу қимор ва ғайраро амалҳои шайтонӣ номидааст. Аз шайтон фақат зиштиву шарар бармеояд.

Чаҳорум: Худои Таъоло мефармояд, ки даст кашидан ва дурӣ ҷустан аз ин амалҳои шайтонӣ тариқи саодату муваффақият буда, акси ҳол роҳи фиребу пушаймонӣ ва зарару зиён аст.

Панҷум: Шаробу қимор таҳрикдиҳанда ва ба вуҷуд оварандаи буғзу адоваст аст, ки он ба қатлу ғорат ва хунрезиҳо оварда мерасонад.

Шашум: Шаробу қимор садд ё худ монеаест ба зикри Худованд ва салот. Охир, салот сутуни дин аст.

Ҳафтум: Ояти мазкур бо ибораи “оё аз он даст бармедоред?” ба охир мерасад, ки он маънои таҳдид ба онҳоеро дорад, ки ба шаробнӯшӣ ва қиморбозӣ машғуланд. Ва ҷавоби мӯъминон ба ин амри илоҳӣ чунин буд: “Ё раб, даст кашидем”.

Ҳамин тавр баъди нозил шудани ин оят тамоми он шаробе, ки доштанд, бароварда дар кӯчаҳо рехтанд.

Мутаассифона, шахсоне ёфт мешаванд, ки ба ҳаром будани шароб (анвои гуногуни машруботи масткунада) шак меоранд. Онҳо бе ягон далели шаръӣ мегӯянд, ки Худованд шаробро ҳаром нагуфта, балки гуфтааст: “иҷтанибуҳу”, яъне дурӣ ҷӯед! Ба ақидаи эшон “иҷтанибу” маънои ҳаром буданро далолат намекунад. Ба таваҷҷуҳи онҳо мерасонем, ки калимаи “иҷтанибу” яъне “дурӣ ҷӯед!” наҳйи Оллоҳи Таъолост аз нӯшидани шароб. Тамоми он чизҳое, ки дар Қуръони карим аз онҳо наҳй фармудааст, гуноҳи кабир ба шумор мераванд. Бинобар ҳамин, аз онҳо “даст кашидан” зарур аст. Модоме, ки шаробу қимор ва ғайра ҳаром аст, мӯъмин бояд аз онҳо даст кашад ва дурӣ биҷӯяд.

Дар ин ҷо ёдрас мекунем, ки Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам шаробнӯширо наҳй карда, онро ҳамчун гуноҳи кабир васф кардааст. Паёмбарамон (с) эълон карда, ки “мӯъмин набояд, ки шароб нӯшад ва агар шароб нӯшид, аз имкон ва аз ҷамоаи мӯъминон дур мегардад, то оне, ки тавба кунад”.

Зинокор то он даме, ки даст ба зина зад, мӯъмин аст, дузд то он даме, ки дуздӣ кард, “мӯъмин аст, шаробнӯш то он даме, ки шароб нӯшид, мӯъмин аст ва тавба кунад”.

Паёмбарамон (с) мӯъминонро ҳушдор месозад, ки Худованди Карим шаробнӯшон ва онҳое, ки бо шароб сарукор доранд, лаънат хонда.

“Лаънати Худо бод ба шароб ва шаробнӯш ва соқии он ва фурӯшандаи он ва созандаи он ва орандаи он”. Лаънат маънои онро дорад, ки банда аз раҳмати Парвардгор ронда мегардад ва маҳрум мешавад ва агар шаробнӯш тавба кунаду аз шароб даст кашад, Худованд ӯро мебхшад.

Ривоят мекунанд, ки марде аз Яман аз Расуллулоҳ (с) оид ба шарбате, ки дар ватанаш тайёр карда менӯшанд, савол дод.

Расуллулоҳ пурсид:

-Оё он масткунанда аст?

Гуфт:

-Бале.

Расулуллоҳ (с) гуфт:

-Ҳама анвои машруботи масткунанда ҳаром аст.

Шароб ва тамоми анвои масткунанда ба ғадудҳои ҳозима ба монанди ҷигар ва дигар аъзои ҷисм ворид мегардад. Чуноне, ки маълум аст, ҷигар узви асосист, ки ба ҷамиъи азрори маводи масткунанда муқобилият нишон медиҳад. Ҷигар ба заводе шабоҳат дорад, ки унсурҳои асосиро барои ҷисм ҷудо мекунад. Маводи масткунада ба варам ва кафидани ҷигар бурда мерасонад, ки равғанҳои ҷамъшуда сахт ва ба санг мубаддал гардида ҷигарро фаро мегиранд, ки илоҷаш имконнопазир мегардад. Ҳамчунин ба бемориҳои хатарнок ба монанди (водянка) обхӯрак, варам, яракон ва хунравӣ дучор мегардонад, ки ба ҳаёти инсон хатарнок аст. Маводи масткунанда, ҳамчунин, боиси илтиҳоби даҳон, дарди гулӯ, меъда, асаб, узви шунавоӣ, биноӣ ва ғайра мегардад.

Фарзандони шахсоне, ки ба истеъмоли шароб машғуланд аз ҷиҳати ақлӣ ва ҷисмӣ ноқис ба дунё меоянд.

Динн мубинин ислом бинобар зарар ва гуноҳи кабир будани истеъмоли шароб тиҷорати онро низ ҳаром донистааст. Он маблағу моле, ки шахси тоҷири шароб ба даст овардааст, ҳаром буда, баракати илоҳӣ надорад.

Дар “Саҳеҳ”-и Равоҳ Албухорӣ ва Муслим гуфтаи Расулуллоҳ (с) оварда шуда: Дар ҳақиқат, Худованди Карим ва расулаш фурӯши шароб, майит (гӯшти ҳароммурда), хук ва бутҳоро ҳаром шуморида.

Расулоллоҳ (с) мефармоянд: “Парвардгор шароб ва арзиши он, майит ва арзиши он, хук ва арзиши онро ҳаром донистааст”.

“Парвардгор, ки нӯшидани шаробро ҳаром гардондааст, фурӯши онро низ ҳаром гардондааст”. Шахсоне, ки муттасил шаробро истеъмол мекунанд, майзада мешаванд. Мо ҳар рӯз дар кӯчаву бозор ба ин гуна одамон дучор меоем. Ин гуна одамон аз баҳри хонаву дар, зану фарзанд ва оила гузашта асири шароб гардидаанд. Агар ба таври дақиқ ба гузаштаи на чандон дур назар андозем, майнӯшӣ дар байни мо, тоҷикон он қадар ба таври оммавӣ, ки имрӯз ҳаст, набуд. Бо ворид шудани «маданияти ғарбӣ» хоса идҳои байналмилалии 1-уми май, 8 март, идҳои замони шӯравӣ 9-уми май, 3 феврал, октябр ва ғайраву ва ҳоказо шаробнӯшӣ дар зинаҳои болоӣ дар байни мансабдорон, интелегенсия ба таври анъана даромад. Ҳамин тавр, ин одати номарғуб доман паҳн карда, мардум зодрӯзу харидани хонаву мошин, ҳатто либосу пойафзолро бо ҳаммаслакону ёру дӯстон “қайд” мекардагӣ шуданд.

Ана ҳамин гуна иду муносибатҳо чунон  зиёд гаштанд, ки баъзеҳоро ба касалии майзадагӣ оварда расонд. Шароб чуноне, ки хотиррасон кардем, пеш аз ҳама, ба ҷиҳози асаб ва марказҳои асабии майна зарба зада, онҳоро заҳролуд мекунад, эҳсосотро мекушад ва инсон дар натиҷа худидоракуниро гум мекунад. Шароб ва анвои маводи масткунанда шарму ҳаёро гум карда, шахсро ба қабеҳтарин ва разилтарин ҷиноятҳо ҳидоят мекунад.

Чӣ қадар ҳодисаву садамаҳои автомобилӣ дар натиҷаи нӯшидани шароб ба вуқӯъ меоянд.

Ривояте ҳаст оиди пайдо шудани хамр (май), ки овардани онро ҷоиз медонем.

Аввалин маротиба мисрие токи ангурро шинонд. Хушксолӣ омад. Аз беобӣ баргҳои ток зард шуда, рӯ ба хазоншавӣ оварданд. Марди мисрӣ саросемавор товусашро сар бурида, хуни онро ба пояи ток рехт. Токи ангур андаке ҷон гирифт. Вале шиддати гармо ҳамоно баланд буд. Шери дастомӯзе дошт. Онро ҳам сар бурида, хунашро ба пояи ток рехт. Вале ҳеҷ не, ки борон бибораду токи ангураш аз хазон раҳо ёбад. Ҳамин тавр, хуни маймун ва хукашро ҳам ба пояи токи ангур рехт ва онро аз хазоншавӣ нигоҳ дошт. Ин ривоят рамзист. Яъне, қадаҳи нахуст дили одамро чун товус кушода мегардонад. Баъди нӯшидани қадаҳи дигар худро чун шери жаён далеру ҷасур мепиндорад. Ҳамин тавр, ба нӯшидан давом медиҳад, ҳолати маймунро ба худ мегирад. Аз он ки гузашт ҳолати хукона мегирад ва хуквор рафтор мекунад.

Хонандаи азиз, боварӣ дорам, ки чунин ҳолатро шумо ҳам мушоҳида кардаед. Шояд баъзеҳо чунин ҳолатро мушоҳида накарда бошанд, зеро худи эшон ки менӯшанд, ба назарашон оддӣ менамояд. Бинобар ҳамин, онҳое, ки доимо дар чунин маъракаҳо менӯшанду сархуш бармехезанд, ақаллан як маротиба аз нӯшидан даст кашанд. Ба ҳолати мастон назар андозанду ба кирдори онҳо таваҷҷуҳ намоянд. Рафтори бӯзинавору хукворонаи баъзеи онҳоро муроқиба кунанд. Боварӣ дорем, ки баъди дидани чунин манзара ба хулосае меоянд ва ақаллан ҳадди нӯшиданро мешиносанд ё худ онро тарк мекунанд.

Мунаввар Сафар

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *