Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сарояндаи “Шарораи хотираҳо” 70-сола шуд

Агар умр боқӣ буд, имрӯз Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодравон Муқаддас Набиева ба синни мубораки 70 мерасид.

Муқаддас Набиева 7 январи соли 1950 дар ноҳияи Фархори таваллуд шудааст. Ӯ фориғуттаҳсили мактаб-интернати рақами 10-и шаҳри Душанбе мебошад.

Пас аз хатми мактаб-интернат вай ба Институти тарбияи ҷисмонӣ дохил шуда, соли 1972 онро хатм намуд ва дар мактаби ибтидоии варзишии ноҳияи Фархор ба ҳайси тренер ба кор шурӯъ кард, аммо шавқу завқи сарояндагӣ қалбашро ором намегузошт. Ҳамин буд, ки Муқаддас дар баробари тренерӣ бо дастаи ҳаваскорони санъати хонаи маданияти Фархор пайваста, дар ҷашну чорабиниҳои мухталиф ширкат меварзид.

Соли 1973 нахустин озмуни эҷодиёти халқ – “Бӯстон-1” баргузор гардид ва Муқаддас Набиева дар он суруди «Республикаи ман»-ро иҷро кард. Он замон роҳбарияти ансамбли эстрадии «Гулшан», ки сарвараш Орифшо Орифов буд, истеъдоди волои ин духтараки ҷавонро дида, ӯро ба ҳайси яккахон ба кор қабул намуданд. Ҳамин тавр, Муқаддас Набиева соли 1974 ба Дастаи эстрадии «Гулшан» пайваст.

Вай ҳунари сарояндагӣ, махсусан дар санъати эстрада роҳи наву сабки хоси сурудхонӣ кушод. Сурудҳои ӯ бо форамию салосат ва зарбу оҳанги дилнишинашон ба зудӣ дар хотири шунавандагон нақш мебастанд.

 Муқаддас Набиева сурудҳои «Кӯи ту», «Хуршеди ҳаёт», «Нури ман», «Шарораи хотираҳо», «Боди сабо», «Садои дил», «Ба ишқат интизорам», «Дили зорам», «Муҳаббат нест бе оташ» ва даҳҳои дигарро, ки теъдоди умумиашон ба 50 мерасад, сароида аст ва метавон гуфт, ки сурудҳои мазкур то имрӯз куҳна нашуда, маҳбубияти хоса доранд.

Инчунин, Муқаддас Набиева дар баробари таронаҳои тоҷикӣ ҳамчунин бо забонҳои русӣ (суруди «Надежда), арманӣ («Суруди ман»), туркӣ, қирғизӣ суруд хонда, дар саросари кишвари паҳновари Шӯравӣ шуҳратёр шуд.

Тибқи маълумотҳои мавҷуда тақрибан соати панҷи субҳи рӯзи 30 сентябри соли 1979, болотар аз деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ, дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе мошине, ки Муқаддас Набиева бо ҳамкоронаш ба вилояти Суғд расипор буданд, сарозер шуда, вай дар синнӣ 29-солагӣ аз дунё чашм пӯшид.

Агарчи аз марги Муқаддас Набиева, ин овозхони ҷавонмарги тоҷик 40 сол сипарӣ гардида бошад ҳам, вале тӯли ин муддат перомуни воқеияти аслии ин ҳодиса ва овозаю ҳангома, барои лаҳзае фурӯ нанишаста буд. Сабаби аслӣ дар он аст, ки тӯли таърих ҳамеша будани шоҳидон дар фоҷиаи ба марги шахси маъруфе анҷом меёфта, алалхусус, аҳли ҳунар, боис ба шубҳаву овозаҳои гуногун мегардад.

Дар ин хусус ҳанӯз соли 2008 хабарнигорони Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки роҳбарияшро журналист Хуршеди Атоввуло бар дӯш дошт, тадқиқоти журналистие анҷом дода буданд.

Дар оғози тадқиқот онҳо гуфта буданд:  “…шоҳидони марги Аҳмад Зоҳир ғайб заданд, шоҳидони марги Маҳмуди Воҳид солиёни зиёд об ба даҳон гирифта буданд, шоҳиди марги Устою Maстo бо азиятҳои зиёд тарки зиндагӣ кард… Дар саҳнаи марги Муқаддас Набиева ҳам, лаҳзаҳое, ки метавонанд шубҳа бедор намоянд, зиёд ҳастанд ва маҳз ин чиз боис ба тадқиқоти масъалаи мазкур аз ҷониби хабарнигорони Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон гардид. Албатта, мо даъво надорем, ки қотили Муқаддасро пайдо кардаем баръакс, шояд таҳқиқи ин масъала, доғи гумонро аз ҳамсафарони Муқаддас бардорад. Вале, маҳз дар баёни бегуноҳии худ ҳунармандони ҳамсафари ситораи санъати тоҷик то ба ин дам душворӣ кашидаанд ва агар ин амалро анҷом дода бошем, фикр мекунем, ин ҳам як хидмате ба таърихи нонавиштаи санъати тоҷик аст”.

Ба гуфтае Муқаддас Набиева рашку ҳасади бадхоҳонашро дида, доимо мегуфтааст: «Ман дар саҳна абадӣ намемонам, умри саҳна кӯтоҳ аст. Ҳамагӣ 10 сол ҳунарнамоӣ мекунаму худам аз саҳна меравам. Чӣ даркор ба дили мардум задан?». Ва ӯ мехост пас аз сарояндагӣ ба актёрӣ пардозад, вале ҳама орзуву ормонашро бо худ ба хок бурд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.