Шаш ифтихори тоҷик. Лидерони замони истиқлол киҳоянд?
Ба ифтихори 30-солагии истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ шабакаи “Go Viral Network” дар якҷоягӣ бо панҷ намояндагии дипломатии ИМА дар Осиёи Марказӣ ғолибони озмуни “Next30 – Раҳбарони ҷавони Осиёи Марказӣ”-ро, ки ҳадафаш муайян намудани 30 раҳбари ҷавон дар Осиёи Марказӣ буд, эълон карданд. Хушбахтона, 6 ҷавони тоҷик ҳам ба ин рейтинг роҳ ёфтанд.
30 роҳбари ҷавони Осиёи Марказӣ
Шабакаи “Go Viral” тавассути озмуни “Next30” ният дошт раҳбарони ҷавони беҳтаринро дар Осиёи Марказӣ, ки баъд аз соли 1991 таваллуд шудаанд, интихоб намояд ва ин раҳбарон ояндаи 30 соли минбаъдаи минтақаро инъикос кунанд. Ҳакамони минтақавӣ 724 дархости номзадҳоро аз Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар бахшҳои тиҷорат, расона, фарҳанг, фановарӣ (технология) ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ карданд.
Дар охири ҷараёни хеле рақобатпазир ҳакамон 30 ғолибро аз тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ интихоб карданд, ки соли 2022 ба Иёлоти Муттаҳида сафар карда, бо коршиносон ва навоварони амрикоӣ дар соҳаҳои расона, тиҷорат, фарҳанг ва фановарӣ (технология) во мехӯранд.
Шабакаи “Go Viral” ва Сафорати ИМА дар ш. Душанбе, инчунин, ғолибони нимфиналӣ аз Тоҷикистонро, ки ба рӯйхати “100 раҳбари ҷавони беҳтарини Осиёи Марказӣ” дохил шуданд, табрик мекунад. Аз ҷумлаи онҳо: Насиба Мирзоева, Ҷомӣ Тоирзода, Манижа Ҷӯраева, Умед Раҳимов, Нилуфар Муродова, Аъзам Мирзонаҷотов, Муҳаммадҷон Шарипов, Манижа Маҳмадиева, Шерзод Сатторӣ, Аниса Собирӣ, Рафоел Гулов, Анора Қурбонова, Муҳаммад Мирзоев ва Адиба Дусматова.
Наворҳои омоданамудаи ғолибон ва ғолибони ним-финали озмуни «Next30», ки дидгоҳи хешро дар мавриди ояндаи минтақа нишон медиҳанд, дар Инстаграм бо хэштеги #Next30Top100 барои тамошо дастрас мебошанд.
То охири сол шабакаи “Go Viral”, инчунин наворҳоеро нашр мекунад, ки аз саргузашти ҳамаи ғолибони ниҳоӣ ва ғолибони нимфинал нақл мекунад. Ба саҳфаи GoViralTJ дар шабакаҳои иҷтимоии Instagram ва Facebook, худро номнавис кунед, то ки ин наворҳоро тамошо кунед.
Ризои Баҳромзод:
Нақшаҳои зиёд барои рушди кишварам дорам
Ба гуфтаи Ризои Баҳромзод ӯ меъёрҳо ва критерияҳои баҳодиҳии ҳакамони озмунро намедонист, вале кӯшиш кард, ки шартҳои гузоштаи онҳоро ба пуррагӣ ва дар сатҳи баланд иҷро кард. Номбурда дар суҳбат бо мо сабаби ба ин ғолибият ноил гаштанашро чунин арзёбӣ кард: “Бояд қайд намоям, ки дар самти илм ва таҳқиқоти илмӣ шояд ман ягона иштирокчӣ будам. Ба фикри ман ҳамин чизҳо ёрӣ расонд, ки ман яке аз ғолибон шавам. Дастоварди асосии ман ин дар ҷомеа ҳамчун як чеҳраи ҳавзаи илмӣ шинохта шудан аст. Ҳамчунин, фаъолияти ман, ки ба тарғиби илм ва оммавигардонии он равона шудааст, яке аз сабабҳои ҷиддии ғолибият аст. Боз ширкати фаъолонаи ман дар ташкил ва гузарондани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» сабаб гашт. Баъдан барои ғолиб шудан дар озмуни Next30 натанҳо ба дастовардҳо, балки ба нақша ва тасмимҳои ояндаи шахс баҳо медоданд”.
Ҳамсуҳбати мо ният дорад дар оянда бо паҳн намудани дониш, баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии мардум тавассути тарғибу ташвиқи илм ва анҷом додани таҳқиқоти илмиву таълиму тадрис дар донишгоҳҳо саҳми худро дар рушди ҷомеа гузорад.
Ризо соли 1991 дар Хуҷанд таваллуд шуда, ба воя расидааст. Аз ҷониби волидон дар мавриди таълиму тарбия бисёр сахт назорат мешуд, зеро падар ҳамчун гидротехник кор мекард ва модар дар мактаб аз математика дарс мегуфт.
Номбурда, пас аз хатми мактаб ният дошт, ки ба Институти авиатсионии Маскав дохил шавад, то муҳандиси ҳавопаймо шавад, аммо ин тавр нашуд. Ҷавони деҳа имкони ба Маскав рафтанро надошт. Вале, хушбахтона, имкони ба даст овардани квотаи президентӣ пайдо шуд ва ӯ бо ихтисоси астрономия ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Хатмкардаи ДМТ кори дипломии худро аллакай дар Донишгоҳи давлатии Маскав дар мавзӯи эҷоди усули нави бақайдгирии квантҳои гамма-энергияи баланд анҷом додааст. Ва аспиранти яке аз беҳтарин донишгоҳҳои Русия шуд. Ҳоло Ризо Баҳромзод бо олимони Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон робитаи мустақим дошта, аз дастгириҳо ва кумакҳояшон пайваста бархӯрдор аст.
Нафиса Имронова:
Нашқи модар бузург аст
Тарроҳи муд, рассом-дизайнер ва созандаи бренди ZHIWJ Нафиса Имранова яке аз ғолибони озмуни “Next30 – Раҳбарони ҷавони Осиёи Марказӣ” мебошад. Ин ифтихори тоҷик муддати 9 сол аст, ки ба муд сари кор дорад дар 20 давлати дунё намоиши либосҳои худро ташкил кардааст.
Шавқ ба санъату ҳунар дар дили Нафиса аз замоне оғоз шуд, ки Нафиса мактаби миёнаро хатм карда, ба Донишкадаи технологии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи технологии Тоҷикистон) дар факултаи тарроҳии либосҳо дохил шуд. Дар соли аввали таҳсил пурра дар фикре буд, ки чӣ чизи нав пешниҳод карда метавонад. Пасон соли 2012 дар курси дуюмӣ дар Душанбе як чорабинӣ баргузор шуд ва Нафиса он айём аввалин маҷмӯаи костюмҳои худро офарида, онро «Кӯҳҳои Помир» ном гузошт. Он аз ду ранг иборат буд: сурх ва сафед. Сафед маънои покӣ ва сурх маънои тӯморро дошт. Ва ҳангоме ки коллексия бори аввал дар минбар баромад, тамошобинон кафкӯбӣ карданд, рассом фаҳмид, ки ба одамон маъқул аст.
Дар муваффақиятҳои Нафиса нақши модар ниҳоят бузург аст. Ӯ ба тамоми мушкилоти зиндагӣ нигоҳ накарда фарзандонашро дорои таълиму тарбияи дуруст кардааст. Ва ҳамин аст, ки Нафиса мегӯяд, ки дар зиндагӣ идеал барои ман модарам аст.
Нафиса аз ҷумлаи санъаткорон ва санъатдӯстони тоҷик аст, ки бо диданаш дилхоҳ нафар худро дар фазои оптимистӣ эҳсос мекунад. Ва тавре худаш ҳам дар суҳбатҳояш мегӯяд: “Ман сайёҳат кардан, бо одамон вохӯрдан, омӯхтани чизҳои навро дӯст медорам. Ба ман сарф кардани вақт бо оила, дӯстон, расмкашӣ, озмоиш ва таълим додан маъқул аст”.
Принсипҳои ҳаётии Нафиса Имранова хеле ҷолибанд. Ӯ худи ҳаётро дӯст медорад, умр барояш бисёр муҳим аст ва ҳамин муҳимият буд, ки ҳанӯз дар синни ҳаждаҳсолагӣ барои худ маълум карда буд, ки дизайнер мешавад. Барои қаҳрамони мо муҳим аст, ки барои ҷомеа ва наздиконаш муфид бошад. Мехоҳад барои худ ва барои дигарон роҳ кушояд, кумак кунад, номбардор бошад, барои номбардор шудани дигарон сабаб шавад.
Тарроҳ дар атрофи худ одамони зиёди эҷодкорро дорост. Ӯ бо рассомон, коргардонҳо, суратгирон, аҳли илм, файласуфон муошират карданро дӯст медорад ва ин ҳамаро ба хотири ба ҷо овардани арзишҳои инсонӣ ва илҳом гирифтан анҷом медиҳад.
Фаррух Умарӣ:
Ният дорам Тоҷикистонро дар соҳаи технология муаррифӣ кунам
Фаррух Умарӣ низ чанде пеш ғолиби озмуни “Next30 – Раҳбарони ҷавони Осиёи Марказӣ”-ро ба даст овард. Номбурда 8-уми июли соли 1993 дар Истаравшан ба дунё омадаст. Ӯ баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дохил шуда, соли 2015 даргоҳи мазкурро хатм кард. 16-уми сентябри соли 2016 бошад, ӯ аввалин дарсашро дар беҳтарин мактаби олии дунё – Оксфорд оғоз кард.
Фаррух дар мактаби оддии давлатӣ таҳсил кардааст. Ӯ аз падар талқини илмомӯзӣ мешуниду аз модар меҳнатдӯстӣ меомӯхт. Падар аввал муҳандис ва пас аз он муҳоҷири меҳнатӣ буду модар савдогари бозор. Зиндагӣ дар кӯдакӣ маҷбураш кард, ки дар бозор савдо кунад ва дар сохтмонҳо кор.
Ҳамсуҳбати мо 24-уми июни соли 2018 бо ду дӯсташ дар Душанбе маркази омӯзишие бо ном “Ilmhona” таъсис дод. Ilmhona” марказест, ки ба тоҷикистониён ду касби беҳтарни имрӯз – дизайн ва барномасозиро меомӯзонад.
Ilmhonа ба таври дигар “тезкунандаи малакаҳо” мебошад, ки ҳадафаш саводнокии ҷавонони кишварро дар соҳаи техналогия боло барад ва Тоҷикистонро ҳамчун як давлати дорои кадрҳои беҳтарин дар соҳаи технология муаррифӣ кунад.
Фаъолияти Ilmhonа бо ду тарз амалӣ карда мешавад. «Якум, як курс дар Ilmhona 3 моҳ давом мекунад ва маблағи таҳсил барои як моҳ аз 300 то 450 сомонӣ мебошад. Ҳар хонандае, ки бали ҷамъбастии имтиҳонаш аз 96 то 100 бошад, мо дар баробари сертификат боз 100% маблағашро гардонда медиҳем. Ҳар хонандае, ки дар имтиҳон аз 90 то 95 бал мегирад, мо дар баробари сертификат боз 75 фоизи пулашро медиҳем. Ҳар хонандае, ки аз 70 то 84 бал гирад, танҳо соҳиби сертификати Ilmhona мегардад. Ва ҳар хонандае, ки аз 70 бал кам гирад на сертификат мегираду на маблағашро. Яъне Ilmhona ҷойи хонандагонест, ки хондан мехоҳанд. Дуюм, ҳар нафаре, ки шароит надорад, вале касб омӯхтан мехоҳад дар сомонаамон ба мо менависад ва ба саволамон ҷавоб медиҳад. Мо ҷавобҳоро дида, ба хулосае меоем ва аз 50% то 100% маблағи таҳсилашро кам мекунем» — мегӯяд Фаррух Умаров.
Таҳияи
Ҳ. ТОҲИРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ