Шастсолаҳо, ба рухсатӣ равед!

Вазорату идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон кормандони куҳансол ва нафақахӯронро ба хотири пешгирӣ аз сирояти короновирус ба рухсатӣ фиристодаанд. Гуфта мешавад афроди синну солашон боло бештар аз бемории ҳамагири COVID- 19 осебпазиранд.

Дар баъзе оҷонсиву кумитаҳо ба афроди солманд иҷоза додаанд, ки бе навбат ба рухсатии меҳнатӣ раванд. Ба гуфтаи масъулон, ин ҷузъе аз чораҳои пешгирӣ аз сирояти короновируси нав аст, чунки шахсони солхӯрда дар баробари бемории COVID-19 осебпазиртар ҳастанд.

Ҳасан Холиқзода, корманди Вазорати кишоварзӣ ва муовини раиси Ситоди мубориза бо COVID-19 дар ин вазорат гуфтааст: “ кормандоне, ки синну солашон аз 60 боло ва тиқби шартнома кор мекунанд, мувофиқи супориши роҳбарият ба рухсатӣ фиристода шуданд. Ин чора ба хотири пешгирӣ аз беморӣ андешида шудааст”.

Холиқзода афзуд, бар замми ин агар ягон корманд, худро бад ҳис кунад ва ягон нишонае аз бемориро дар худ эҳсос намояд, ба духтур муроҷиат мекунад ва рухсатии тиббӣ мегиранд.

Аз оғози хуруҷи пандемия, ба гуфтаи Холиқзода, чанде аз кормандони вазорат ба беморӣ гирифтор шуда, табобат гирифтанд, аммо айни замон, ба таъкиди ӯ, нафаре аз кормандони дастгоҳи марказии вазорат бемор нестанд.

“Аз кормандон риояи ҳатмии чораҳои эҳтиётиро талаб мекунем ва ҳар рӯз ба роҳбарият аз вазъи охири сиҳатӣ дар вазорат гузориш медиҳем”,- гуфт Холиқзода.

Дар ҳамин ҳол, дар бархе аз идораҳои дигар, афроди солмандро аз ҳисоби рухсатии меҳнатии ҳарсолаашон ба хона гусел кардаанд.
Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон гуфт, аз оғози сирояти короновируси нав дар кишвар бо дастури ситоди мубориза бо COVID 19 ба кормандони куҳансоли кумита “бидуни навбат рухсатии меҳнатӣ дода шуд”.

Соли 2015 бо дастури Асадулло Раҳмон, ёрдамчии раисҷумҳур дар умури кадрҳо идораҳои давлатӣ аксар кормандони нафақахӯрро аз кор сабукдӯш намуданд. Ин аст, ки дар ниҳоду идораҳои давлатӣ афроди сину соли нафақа аксаран ба таври истисноӣ, дар сурати набудани мутхассисони ҷавони довталаб ба кор пазируфта мешаванд ва он ҳам бо шартномаи корӣ ба муҳлати муайян. Ин гуруҳи кормандони солхӯрда бо хуруҷи короновирус нахуст ба рухсатӣ фиристода шуданд.

Азизбой Калонзода, як мутахассиси фановариҳои иттилоотӣ мегӯяд, пандемияи короновирус дар аксар кишварҳои ҷаҳон, чӣ дар бахши идораи давлатӣ ва хусусӣ истифодаи технологияҳои фосилавии корро такони ҷиддӣ бахшид.

“Бисёр давлатҳо дар чунин шароит ба хизматчиёни давлатӣ имкон доданд, ки аз хона ба таври фосилавӣ корашонро анҷом диҳанд. Аммо дар Тоҷикистон бинобар рушд наёфтани ҳукумати электронӣ ва ҳанӯз пурра фароҳам набудани инфрасохтор, суръати пасти интернет ва нархи гарон аз ин имкониятҳо истифода намешавад. Дар натиҷа риски сирояти одамон ба вирус бештар мешавад”,- иброз дошт ӯ.

Калонзода афзуд, пандемия аҳамияти фавқулодаи фановариҳои интернетиро ба намоиш гузошт.

“Як сабақи бузурге, ки Тоҷикистон аз ин бемории ҳамагир метавонад бардорад, ин бисёр муҳим будани интрнет барои ояндаи рушди кишвар аст. Ҳамаи монеаҳои сунъие, ки дар роҳи рушди интернет дар кишвар ҳаст, пас аз ин бояд аз байн бардошта шаванд,“- хулоса кард ӯ.

Тоҷикистон поёни моҳи апрели соли 2020 нахустин ҳолати сирояти шаҳрвандонаш ба короновируси навро эътироф кард.

Бинобар омори охире, ки Вазорати тандурустӣ пешкаш кард, дар ду рӯзи ахир ду каси дигар аз коронавируси нав ҷон бохтаанд ва талафот аз COVID-19 дар кишвар ба 72 нафар расид. Аз 30-юми апрел то 10-уми сентябр коронавируси нав дар саросари кишвар ба 8939 нафар сироят кардааст. Беш аз 86 дар сади онҳо ё 7714 нафар аз чанги ин беморӣ раҳо шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *