Шавҳари Сурайё: Ман 32 сола нестам

Шахсияти шавҳари нави ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова, ки порае аз видеои тӯйи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангомаҳо ба вуҷуд овард, муайян шуд. Дар ин бора Азия Плюс хабар дод.

Шавҳари Сурайё Қосимова Пӯлод Шаропов ному насаб дорад, сокини шаҳри Душанбе, варзишкор ва ба соҳибкорӣ машғул аст.

Пӯлод Шаропов гуфт, ки синну солаш на 32 тавре дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, балки 45-сола аст.

Пӯлод Шаропов мегӯяд, ки издивоҷаш бо Сурайё Қосимова издивоҷи дуюм аст ва аз ҳамсари нахустинаш се фарзанд дорад.

Шавҳари нави Сурайё мегӯяд, ки издивоҷи ӯ бо ҳунарманди шинохта на як ҳангома ё ҳавохоҳӣ, балки бар асари ишқи пок ва алоқае шадиде, ки ба ҳунарманд дошт, сурат мегирад. Ӯ гуфт «ҳамаи онҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин кори шахсии маро ба баҳс кашидаанд, бигзор мисли ман хушбахт бошанд»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *