Шавҳар ба бадани занаш 10 корд зад

Марди 26-солаи сокини деҳаи Навободи шаҳри Истаравшан  ба далели муноқишаи оилавӣ ва рашк ҳамсараш, зани 25-соларо ба қатл расондааст.

Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон,  ин мард рӯзи 5 августи соли 2019, тахминан соати 18:30-дақиқа ҳамсарашро, ки аз беморхонаи марказӣ ба хонааш бармегашт, дар дохили автомашинаи кирокаш (таксӣ) бо корд 10-маротиба ба узвҳои баданаш задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *