Шеърҳои наврӯзӣ

Раънои ЗОИРДУХТ

Бӯйи баҳор

Дил ба тараб биёваред бӯи баҳор омада,

Бода ба ҷомхо занед, вақти хумор омада.

Сайри Муғу ҳавои Тал накҳати хушдимоғ аст,

Нашъа зи лолаву суман лайлу наҳор омада.

Сабз хамешавад ниҳол, лутф агар зи Меҳр дид,

Марҳамати Худо биҷӯ, мавсими бор омада.

Хаққи вафо бибоядам ошиқи аҳдбастаро,

Мужда зи мо ба гулрухон, номаи ёр омада.

Сулҳу суботи меҳан аз ҷаҳду талоши  Пешвост,

Фурсати шодмониву авҷу барор омадаст

Қаъба чӣ меравӣ дило, дасти фитодае бигир,

Баски ба ҳар ду гетӣ ҳам некӣ ба кор омада.

Моҳ зи нозукии табъ хуш сухане биофарид,

Булбули ошиқ аз ҳавас нашъасавор омада.

Бузургмеҳри БАҲОДУР

Фотиҳаи баҳор

Бо фотиҳаи баҳор дилбаста шудем,

Бо роиҳаи насим вораста шудем.

Бишкуфта ту дар гулшани дигар, ман ҳам,

Дар ишқ ба ҳам омада гулдаста шудем.

***

Дар марзи дилам боғу чаман бишкуфта,

Гулбайту ғазалбарги сухан бишкуфта.

Аз дафтари ман атри дуо меояд,

Гулҳои дуои дили ман бишкуфта.

***

Қумриву парастуҳо такаллум карданд,

Садбаргу бунафшаҳо табассум карданд.

Дар раҳрави ғамбиё гулу сабза дамид,

Ғамҳо раҳи хонаи дилам гум карданд.

Робияи Холмирзо

Наврӯз 

Фархунда баҳор омад, Наврӯз муборак бод,

Хандида нигор омад, Наврӯз муборак бод,

Сармои зимистон рафт бо барфу шаби ҳиҷрон,

Ошиқ бари ёр омад, Наврӯз муборак бод!

Бо рақси парастуҳо, бо намнами боронаш.

Аксе ба навор омад, Наврӯз муборак бод!

Имрӯз ҷавону пир шодона ғазал хонанд:

Дай рафту баҳор омад, Наврӯз муборак бод!

Нурали Нурзод

Нафаси гули баҳорон

Нафаси гули баҳорон чамане пур об дорад,

Дили шавқҷўши ман ҳам ҳаваси шароб дорад.

Зи суруди марши турна шунавед пайки Наврўз,

Ки ҷарас баҳор имсол зи наю рубоб дорад.

Сафари сиёҳи зулмат ба дари саҳар адо шуд,

Дами фикри субҳкешон чӣ қадар савоб дорад.

Ба ҳавои ҷўш-ҷўши суманак суруд сабза,

Ғазали дарози борон ҳама сатри ноб дорад.

Зи ҳузури сабз-сабзи сафари баҳор бингар,

Чӣ қадар гулу мул акнун сари инқилоб дорад.

Ту биё ба хонаи мо, ба суруди шоди дилҳо,

Ки баҳори некмазҳар нафаси шабоб дорад.

Зи баҳор фол гирем ҳама саъду ахтари сол,

Чӣ хушо, ки аввалаш бин баракат зи об дорад.

Ибодулло Одинаи Мафтун

Навбаҳорон  мерасад

Бар димоғам бӯи атри навбаҳорон  мерасад,

Накҳати гул чун ҷилои лаълу  марҷон мерасад.

Чеҳрахандон чун сияҳгӯш аз замин сар мекашад,

Нолаи булбул ба савти резаборон  мерасад.

Атри  гул  меҷӯям, аммо аз нафасҳои  баҳор

Бӯи  ёру тифлаконам  бар дилу ҷон  мерасад.

Бар дилам ангезаҳои  сабзи  Наврӯзи Аҷам,

Бо шамими Рашту Хатлону Бадахшон  мерасад.

Мешукуфад  дар  гулистонам  гули  умедҳо,

Шоми торамро  сафои  моҳи тобон  мерасад.

Нозанино, нози ту дар барги  гул  печидааст,

Бар дили осудаам чун мори печон  мерасад.

Баски ман Мафтуни ҳусни навбаҳори Меҳанам,

Бӯйи  гул  накҳатфизо аз Тоҷикистон  мерасад.

 Иброҳим Дӯстализод

Айёми ишқу фасли тараб

Наврӯзу баҳори нозанин омад боз,

Айёми ҷавонии замин омад боз.

Гӯё ки ниҳон гашта буд аз лашкари дай

Гул, дай чу гузашт,аз камин омад боз.

***

Пайғом бар гӯши замин бо ҳарфи борон омада,

Андешаро бедор кун, фасли баҳорон омада.

Дар мушти гул як боғ бӯ, як зиндагонӣ орзу,

Шеъри сапеди қуллаҳо, бо обшорон омада.

***

Биёву чеҳра намо ай гули пайғом ба лаб,

Ба сони субҳ биё аз нигоҳи тираи шаб.

Биё ба ошиқу маъшуқ ҳам паём расон,

Баҳор омаду айёми ишқу фасли тараб.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *