Шералӣ Абдулқайсов 70-сола шуд

Бахшида ба 70-солагии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Шералӣ Абдулқайсов дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ маҳфили эҷодӣ таҳти унвони “Шери саҳна” баргузор гардид. Дар маҳфил ҳунармандон, ҳамкасбон, шогирдон ва ҳаводорони ҳунари устод иштирок ва суханронӣ намуданд.

Шералӣ Абдулқайсов зодаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ буда, хатмкардаи Донишкадаи педагогии ба номи Т. Шевченко (Донишкадаи омӯзгории ба номи С.Айнӣ) мебошад. Аз соли 1973 то имрӯз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият карда, дар рушди санъати театрии ҷумҳурӣ хизмати арзишманде кардааст.

Ӯ дар беш аз 16 фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби ҷоиза гаштааст. Аз ҷумла, соли 2006 дар фестивали театрҳои Закавказия бо намоишномаи “Кабки қафас”-и Темур Зулфиқоров ширкат карда, мукофот гирифтааст. Соли 2007 дар фестивали байналхалқии ОСТ-ОРДО-и шаҳри Бишкек барои иҷрои нақши “Амир Темур” соҳиби ҷоизаи “Беҳтарини нақши мардона” шудааст. Соли 2005 ба ҳайси саррежиссёр намоиши идонаи “80-солагии ВМБК”-ро таҳия карда, сазовори унвони фахрии “Табааи ифтихории шаҳри Хоруғ” гаштааст.

Устод Шералӣ Абдулқайсов дар намоишномаҳои “Алломаи Адҳам”, “Ревизор”, “Лавҳаи инқилобӣ”, “Эдип”, “Ромео ва Ҷулйетта”, филмҳои ҳунарии “Марди роҳ”, “Субҳи ҷавонии ман”, “Падари маҳтобӣ”, “Мусофир” нақшҳои мондагор офаридааст.
Ӯ соли 1991 барои хизматҳои шоён дар соҳаи фарҳанг ва санъат ба унвони ифтихории “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон” ва соли 2007 ба унвони олии “Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон” сарфароз гаштааст.

Амони Муҳаммад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *