Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шери майдон: Ғалаба бар шогирди Ҳабиб ва мубориза барои як миллион

Хуни тоҷик агар биҷӯшад

Рӯзи 17-уми октябри соли 2019 барои мардуми тоҷик рӯзи фаромӯшнашаванда буд, чун дар ин рӯз ду фарзанди  фарзонаи тоҷик ба гунае ҷаҳонро такон доданд ва исбот карданд, ки агар хуни тоҷик биҷӯшад, кӯҳро бо як задан талқон мекунад. Агар Сомон Мамадбеков дар Марокаш соҳиби медали  тилло шуда бошад, пас худи ҳамон рӯз Лоиқ Раҷабов Амрикоро ба ҳайрат овард.

Номи Лоиқ замоне вирди забонҳо гардид, ки ин шери майдон шаби 17-уми октябри соли 2019 дар Лас-Вегаси Амрико дар мусобиқаи бонуфузи PFL-8 ду рақиби сарсахти худ Крис Уэйди амрикоӣ ва Ислом Мамедов аз Русияро мағлуб намуда, ба финал роҳхат гирифт. Хусусан баъди мағлуб намудани Ислом Мамедов шуҳрату шони Раҷабов даҳчанд гардид. Зеро Мамедов яке аз шогирдони пурқуввати чемпиони ҷаҳон Ҳабиб Нурмуҳаммадов буда, дар мусобиқаҳои PFL хавфноктарин рақиб ба ҳисоб меравад, аммо Лоиқи чолоку ҷасуру нотарсу диловар ин рақибро таслими зӯри бозувони худ кард ва исбот намуд, ки ӯ дилхоҳ рақибро зеру забар хоҳад кард.

Мубориза барои 1 000 000 ва ё обрӯ

 “Лоиқ Раҷабов, размкори 29-солаи тоҷик дар муҳорибаи омехта дар шаҳри НюЙорк аз ҳарифи бразилиягии худ шикаст хӯрд ва як миллион доллар ҷоизаро аз даст дод”Бо чунин тарз оғоз мегардид хабари бохти Лоиқ Раҷабов аз дасти чемпиони дукаратаи  “PFL”  Натан Шулте.

Сабқати Раҷабов бо Натан Шулте, варзишгари бразилӣ дар даври ниҳоии Professional fight league-PFL соати 6-и субҳи 1-уми январи соли 2020 ба вақти Душанбе шурӯъ шуд. Ҳарчанд дар соати 6-и субҳи зимистон берун торику субҳ надамида бошад ҳам, аммо  ҳазорҳо нафар дар Тоҷикистон ин бозиро интизорӣ доштанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Лоиқ Раҷабов ҳаводорӣ мекарданд.

Рақобат барои Шоҳҷоиза…

Лоиқ Раҷабов бо Натан Шулте бояд дар 5 даври панҷдақиқаӣ бо ҳам рақобат намоянд. Раунди аввал оғоз мегардад!  Лоиқ ба ҳуҷум мегузарад, ҳолаташ хуб аст, зарбаҳошяш ҳам нишонрас, рақибро маҷбур ба ақибнишини мекунад. Дар пайти аввал кори Лоиқ олӣ буд, натиҷаи хуб ба нафъи ӯст. Оғози раунди дувум: Боз ҳам Лоиқ чун юз ба ҳилла мегузарад, ба сару рӯи рақиб зарба мезанад, боз рақиб ақибнишини мекунад. Ҳама болидаан, ҳама хурсандӣ мекунанд, ки то ба чемпионӣ ҳамагӣ як қадам мондааст.

Акнун дар пайти севум кор ранги дигар гирифт, гӯё рақиб нав аз захмӣ будани пойи чапи Лоиқ дарак ёфта бошад, ки ҳар дафъа ба ҳамон нуқта зарба равона мекард. Шулте бо ин роҳ ташаббусро ба даст гирифта, чанд бор талош кард бо роҳи «нокаут» ва ё хафа кардан, Лоиқ Раҷабовро шикаст диҳад. Раҷабов чанд маротиба ин хатарро паси сар кард ва то даври ниҳоӣ сабқатро идома дод.

Мусобиқа хотима ёфт, Лоиқ аз дарди захм пояро ба замин гузошта наметавонист. Кор ба доварон монд, акнун онҳо тақдири ду нафарро ҳал мекарданд. Аксарият бар он бовар буданд, ки ғолибият насиби Лоиқи бебоку далер мегардад. Зеро ӯ дар ду пайти аввал бартарии садфоизӣ дошт. Вале бар асоси хулосаи доварон, Лоиқ Раҷабов аз Натан Шулте бо натиҷаи 44 бар 48 шикаст хӯрд.

Акнун Натан Шулте, размкори бразилӣ соҳиби камарбанд ва як миллион доллар ҷоиза гардид.

Чаро Лоиқ шикаст хӯрд?

Пас аз бохти ҳангомавии Лоиқ Раҷабов аз Натан Шулте коршиносон ва мухлисон ӯ бар он бовар буданд, ки дар даврҳои аввал ва дувум қувваи худро зиёд сарф кард ва инчунин, бештар ба ҳамла талош намуд ва худро камтар аз зарбаҳои рақибаш ҳифз мекард. Шояд ин гуфтаҳо ҳам асос дошта бошад, аммо асоси шикасти ин абармард номардона зарба хӯрдан ба пойи захмиаш буду бас. Чун худи Лоиқ эътироф намуд, ки ҳангоми дар Таиланд тамрин карданаш аз пояш сахт ҷароҳат мебардорад ва ин ҷароҳат монеи пирӯз гаштанаш гардид.

Лоиқ — дар қатори 10 размкори беҳтарин

Дар оғози соли равон нашрияи «ТурСтат«-и Русия аз рӯи натиҷагирии пурсиши интернетии алоқамандони муҳорибаҳои омехта Лоиқ Раҷабовро ба қатори 10 размкори беҳтарини ММА байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дохил намуд.

Зимни тартиб додани ин раддабандӣ вазни размкорон сарфи назар шудааст. Ба рӯйхати 10 размкори беҳтарини ММА аз кишварҳои ИДМ дар соли 2019 инҳо дохил шуданд: Ҳабиб Нурмагомедов (Россия), Фёдор Емеляненко (Русия), Пётр Ян (Русия), Алберт Туменов (Русия), Забит Магомедшарипов (Русия), Магомед Исмоилов (Русия), Маҳмуд Муродов (Узбекистон), Андрей Орловский (Беларус), Жалгас Жумагулов (Қазоқистон), Тофик Мӯсоев (Озарбойҷон) ва Лоиқ Раҷабов (Тоҷикистон).

Ҳолнома ва ё хулоса

Лоиқ Раҷабов 17-уми сентябри соли 1990 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1997 ба мактаби деҳаи Булёни Болои Данғара ба синфи аввал рафта, синфи 11-ро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 77-и Душанбе ба итмом расондааст. Хамткардаи Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон дар риштаи муҳандиси роҳи оҳан мебошад.

Ин варзишгар, ки бо тахаллуси «Jaguar Paw” дар рақобатҳо ширкат мекунад, то ҳол, дар 15 рақобати дигар ширкат доштааст ва дар 13 ҳолат пирӯзӣ ба даст овардааст. Аммо бо шикаст хӯрдан дар мусобиқаи охир, рекорди Лоиқ 13 ғалаба, 2 шикаст ва мусовӣ гардид.

Лоиқ Раҷабов соли 2015 ба Олмон кӯч баст ва дар толори варзишии як зодаи Тоҷикистон бо номи Олег Шодиев тамрини касбии муҳорибаҳои омехтаро шурӯъ намуд. Ӯ дар Олмон соҳиби чаҳор камарбанд дар риштаи варзиши омехта шуд. Соли 2019 ба Лигаи касбии ҷангҳои бидуни қоида (Professional fight league-PFL) дохил шуд ва то давраи финалии ин мусобиқа роҳ ёфт. Оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад.

Яҳё Маҳманабиев

“Тоҷикистон”  

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.