Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шикасти “Истиқлол” ва истеъфои Мӯҳсин Муҳаммадиев (Видео)

Мусоҳибаи Шариф Ҳамдампур бо сармураббии дастаи “Бухоро”

Шамоли Бухоро ва тарки Душанбе

-Муҳсин, кадом шамол шуморо ба Бухоро овард?

-Кор. Зеро баъд аз он ки ман аз сармураббигии дастаи «Истиқлол» рафтам, як муддат бекор мондам, ба як қавле дар «рухсатии эҷодӣ» будам. Вақте аз Бухоро бо ман дар тамос шуда, вазифаи сармураббии тими футболро пешниҳод карданд, омадам, вазъи дастаро омӯхтам ва барои кор розӣ шудам. Инак, 5 моҳ аст, ки дар ин ҷо ҳастам ва бо дастаи «Бухоро» кор мекунам.

-Сабаби рафтанатон аз “Истиқлол”  чист?

-Сабаби рафтанам шикасти “Истиқлол” дар финали Ҷоми Осиё аст. Умед доштам, ки мо ғалаба мекунем, зеро хеле зиёд талош карда будем. Агар мавсими аввалро дар хотир дошта бошед, мо ба финали Ҷоми Осиё баромадем, вале мутаассифона, дар мавсими дувум ба дастаи “Эйр Форс”-и Ироқ мағлуб шудем. Соли дувум, дар наздамон вазифа гузоштем, ки ҳатман ба финал мебароем. Аммо дар 30 сонияи охири бозӣ аз дастаи “Алтын асыр”-и Туркманистон мағлуб шудем. Ин даста ба финал баромад, вале ғалаба накард.

-Ҳамон вақт мавқеи “Истиқлол” дар Осиёи Миёна чӣ гуна буд?

-Соли 2017  “Истиқлол” яке аз дастаҳои беҳтарини Осиёи Миёна буд ва мо ҳамаи имкониятро барои ба даст овардани ин ҷом доштем, вале мутаассифона…

То омадани ман низ “Истиқлол” дар финали Ҷоми Осиё бозӣ карда, мағлуб шуда буд.  Бори дувум низ мо шикаст хӯрдем. Мутаассифона, ҳар ду дафъа “Истиқлол” дар Душанбе, дар майдони худ мағлуб шуд.  

-Чанд сол сармураббии дастаи “Истиқлол” будед?

-Ду сол – 2017 ва 2018.

-Аз кори худ дар ин даста розӣ ҳастед?

— Ман кори худро дар “Истиқлол” манфӣ арзёбӣ намекунам, зеро мо ҳамеша Чемпиони Тоҷикистон будем.  Дар Ҷоми Осиё низ мағлуб нашуда, то финал баромадем. Фақат бо се дастаи пурқуввати Осиё ба мисли дастаи  “Алтын-асыр» и Туркманистон, “Серес”-и Филиппин ва “Бенгалуру”-и Ҳиндустон ҳисобамон мусовӣ буд.  Дар Тоҷикистон бошад, “Истиқлол” ҳамеша парчамбардор буд…

“Хуҷанд” ситораи нави футболи тоҷик

-Ба ғайр аз “Истиқлол” шумо чанд сол сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон будед, вазъи онро чӣ тавр арзёбӣ мекунед?

-Аз соли 2013 то соли 2015. Вале бештари бозингарони тими мунтахаб аз “Истиқлол”-анд, зеро дар Тоҷикистон дастаҳои дигар он қадар пурқудрат нестанд… Ҳарчанд на ҳама бозингарони беҳтарини Тоҷикистон дар дастаи “Истиқлол” бозӣ мекунанд, вале дар чанд соли охир ин тим дар кишвар пешсаф аст. Чандин маротиба пайи ҳам Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард, фақат як маротиба  аз “Равшан”-и Кӯлоб шикаст хӯрд. Ин даста ҳам як замон хуб буд…

-Ба ғайр аз марказ боз кадом дастаҳоро метавон ном бурд, ки моро метавонанд дар рушди футбол дар Тоҷикистон умедвор созанд?

-Дастаи “Хуҷанд”, хушбахтона, ҳоло  пеш меравад. То ҷое медонам, раиси вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд мухлисони футболанд ва ба ин даста аҳамияти махсус медиҳанд. Айни замон сармураббии ин даста Виталий Левченко мебошад. Ӯ худ зодаи Хуҷанд аст ва феълан хеле хуб кор мекунад. Умед дорам, ки дар наздиктарин фурсат “Хуҷанд” дар миқёси Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ нуфуз пайдо карда, парчамбардор шавад. Ин даста феълан дар Тоҷикистон дар ҷойи дувум қарор дорад.

— Таҷрибаи Левченко барои сохтани як тими боқувват имкон медиҳад?

-Албатта, ӯ худ тарбиятгирифтаи футболи “Хуҷанд” аст. Баъдан, дар “Динамо”-и Киев хеле хуб бозӣ мекард. Дар мунтахаби Тоҷикистон низ бозӣ кардааст. Як муддат дар Русия буд. Чун мураббӣ ва сармураббӣ дар Украина ва Русия фаъолият кардааст, сармураббии “Княже” буд, дар Академияи “Арсенал” фаъолият кард. Баъдан, дар замони сармураббии “Хуҷанд” будани Ҳаким Фузайлов  ёрдамчӣ ва баъди рафтани ӯ аз соли 2018 сармураббии ин тим аст. Виталий таҷрибаи бой дорад, аз мактабҳои хуб гузаштааст.

-Шумо қабл аз “Истиқлол” дар  куҷо кор мекардед?

-Дар Қазоқистон, сармураббии дастаи футболи “Ордабасы”-и Чимкент будам, ки дар Лигаи олии Қазоқистон бозӣ мекард. Мо ҳатто ба лигаи Аврупо баромадем…

“Истиқлол” ба ҳамлагар ниёз дорад

-Ба наздикӣ Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Чемпионати ҷаҳон баромаданд. Ба назари шумо ин дастовард тасодуфӣ буд ё натиҷаи заҳмату талошҳо?

-Албатта, ин тасодуфӣ набуд ва онҳо сазоворанд.  Зеро Федератсияи футболи Тоҷикистон болои ин даста хеле ва хеле кор кард. Ин барои Тоҷикистон муваффақияти калон буд. Пӯшида нест, ки роҳбари Федератсияи футбол Рустами Эмомалӣ барои рушди ин навъи варзиш кӯшиши зиёде карда истодааст. Яке аз корҳои дурусту назарраси футболи тоҷик наврасон ҳастанд. Хуб аст, ки тарбия аз поён оғоз шуд ва ман аз ин даста умеди зиёде дорам. 

-Мехоҳам бештар дар мавриди “Истиқлол” суол кунам. Дар “Истиқлол» легионерҳо бозӣ мекарданд?

-Бале, Артём Барановский, ки феълан дар «Шахтиёр»-и Карагандаи Қазоқистон, Дмитрий Барков, ки ҳоло дар «Химки»-и Русия ва Девид Маута аз Бразилия буданд.

-Барои чӣ инҳо аз ин даста рафтанд?

-Ин амри табиист, зеро дигар давлатҳо шартномаҳои хубтар  пешниҳод  карданд. Маблағ бисёр муҳим аст.

-Шумо ҳам барои чунин пешниҳод тарки «Истиқлол» кардед?

-Не, сабаби рафтанамро аллакай гуфтам…

-Муҳсин, шумо ҳамчун донандаи асрори футбол камбудии асосии «Истиқлол»-ро дар чӣ мебинед?

-Ман феълан дар он ҷо кор намекунам, бинобар ин аз камбудии асосии ин даста чизе гуфта наметавонам. Вале фикр мекунам, ки камбудии асосӣ набудани ҳамлагар аст…

-Чӣ тавр ин эҳтиёҷро бартараф кардан мумкин аст?

-Ҳамлагар тарбия кардан лозим аст. Футболи Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ бо ҳамлагароне чун Александр Погорелов, Валерий Турсунов, Возген Манасян фахр мекард. «Помир»-и мо як мактаби пурқудрат буд.

-Аз ин мактаб касе монд?

-Афсӯс, ҳама рафтанд…

-Шумо киро ба сифати ҳамлагари «Истиқлол» пешниҳод мекардед?

-Пешниҳод душвор аст… Аз мунтахаби наврасон бозингари таҳти рақами 9-ро, ки исмаш ёдам нест, метавонад ҳамлагари хуб бошад.

-Шумо то ҳол муваффақиятҳои «Истиқлол»-ро пайгирӣ мекунед? 

-Бале, ман то ҳол бо бачаҳои “Истиқлол” дар алоқа ҳастам. Ҳамчунин, сармураббии феълии ин тим дӯстам аст, ки зуд-зуд ба ҳамдигар менависем.

-Боз ба Душанбе баргаштан мехоҳед?

-Ман зуд- зуд ба Тоҷикистон меравам…

Вазъи «Бухоро»ва умеди Мӯҳсин

-Шумо дар ҷавонӣ як муддат дар тими «Бухоро» бозӣ карда будед…

-Бале, 20 сол пеш, ҳамагӣ се моҳ. Дар «Динамо»-и Самарқанд низ бозӣ кардам. Бубинед, ки Бухоро маро фаромӯш накард ва боз даъват намуд, ки дастаро бардорем.  

-20 сол қабл мавқеи «Бухоро» чандум буд?

-Албатта, миёна, вале мо корро хуб шурӯъ карда будем. Дар ин шаҳр мухлисони ашаддии футбол зиндагӣ мекунанд, яъне моро рӯҳан дастгирӣ менамоянд…

-Пӯшида нест, ки шумо ба дастаи «Бухоро» дар давраи на он қадар хуб омадед. Ҳоло он аз охир дар ҷои сеюм қарор дорад. Ин шуморо нигарон намекунад?

— Не, зеро на ҳамеша мо бо командаҳои хуб кор мекунем. Мо ҳоло кор карда истодаем ва умед дорем, ки дар лига боқӣ мемонем. Ман ба футболбозони даста бовар дорам. Баъдан, ман барои рушди тими «Бухоро» футболбозон ва мутахассисони хубро даъват кардам.

-Аз худи Бухоро ё аз берун?

-Ҳам аз Бухоро ва ҳам аз берун. Дар тими мо имрӯз легионерҳо ҳам ҳастанд. Яке аз онҳо ҳамватани худамон, ки дар «Истиқлол» бозӣ мекард ва ҳатто капитан буд, Фатҳулло Фатҳуллоев аст. Аз Канада, Беларус, Грузия ва Украина низ бозингар дорем.

-Шунидам, ки Олег Ширинбековро ҳам даъват кардед?

-Бале, айни замон ӯ ёрдамчии ман —  тренери дуюм. Ман ӯро худам даъват кардам, зеро мо дар вақташ як ҷо будем. Дар «Помир» бозӣ мекардем ва замони  мунтахаби Тоҷикистонро сарварӣ кардани ман ӯ мураббии  «Истиқлол» буд… Мо бо Олег забон меёбем, ин барои кор хеле муҳим аст.

-Феълан, «Бухоро» дастаи ҳамлагар аст ё дифоъгар?

-Бештар дифоъгар, зеро мо ҳанӯз барои корҳои калон омода нестем. Мо бештар дар сафар ғалаба мекунем, вале мутаассифона, дар майдони худ мағлуб мешавем… Ба ҳар ҳол мо корро нав шурӯъ кардем ва умед дорам, ки ба як сатҳи зарурӣ бароем.

Аввалин голи Мӯҳсин

-Шумо аз чанд солагиатон  футбол бозӣ мекунед?

-Аз синни 7 — солагиам.

-Ман ҳамлагари дастаи «Помир» будани шуморо дар ёд дорам. Дар маҷмуъ чанд гол ба дарвозаи ҳарифон задед?

-Ман ҳисоб накардаам, аммо як дӯстам, ки омори футболро медонад, теъдоди голҳои маро зиёда аз 200 мегӯяд. 

-Голҳои ҳалкунанда низ буданд?

-Дар футбол ҳар як гол ҳалкунанда аст…  Ростӣ, ман дар дастаҳои зиёд бозӣ кардаам, ки ин дуруст нест. Беҳтар аст, ки футболбоз муддати тӯлонӣ дар як даста бозӣ кунад. Чунки бо нав шудани даста, техника, муҳит ва аз ҳама муҳим шарикон тағйир меёбанд. Мутобиқ шудан душвор аст.

-Голи аввалини худро  дар «Помир» ёд доред?

-Бале,  Олег Ширинбеков ба ман пас доду ман гол задам. Вале дар қисми дуюм бозиро бохтем.

-Шумо ҳам бозингар будед ва ҳам мураббӣ, яъне роҳбар. Кадоме аз ин ду осонтар аст

-Албатта, бозингар будан. Роҳбарӣ ҳамеша душвор аст, зеро масъулият дорад.

-Бо футболбозон  зуд забон меёбед?

-Кӯшиш мекунам… Ман гумон мекунам, ки шахси бадмуомила нестам. Албатта, гоҳо асабӣ шуда, баланд гап заданам мумкин, вале ин ҳолат хеле кам рух медиҳад. Тактикаи кори ман дигар аст, ман овозамро баланд намекунам, футболбозро намезанам… Кӯшиш мекунам, ки бо ҳамдигарфаҳмӣ иртибот барқарор намоям.

-Футбол дар ҳаёти шумо чӣ нақш дорад?

-Нақши зиёд дорад, зеро ин кори асосии ман аст. Футбол зиндагии ман аст.

-Айни замон чӣ мақсад пеши худ гузоштаед?

-Мақсади имрӯзаи ман ин аст, ки «Бухоро» аз лигаи олии Ӯзбекистон наафтад.

-Шумо дар омода сохтани тим эҷодкорона муносибат мекунед ё аз таҷрибаи дигарон нусхабардорӣ?

-Нусха ҳаргиз ҷои асл (оргинал)- ро намегирад. Ман бо тренерҳои бузург кор кардаам, аз ҳар кадоме чизе омӯхтаам. Бо назардошти он чӣ омӯхтам ва он чӣ аз таҷриба ҳосил кардам, корро ба роҳ мемонам.

Соҳиби кадом ҷоизае шудед, ки он  дар ҳаётатон муҳим буд?

-Ҳоло онро нагирифтааст. Орзуи асосии ман ширкат дар Чемпионати ҷаҳон буд, ки насибам нагаштааст.

-Роҳбари команда худ зиндагии шахсӣ дорад?

-Не. Оилаи ман дар Маскав зиндагӣ мекунад. Ман кӯшиш мекунам, ки моҳе чанд рӯз равам ва канорашон бошам. Мутаассифона, онҳо бо ман омада наметавонанд, зеро бачаҳо калон шуданд, мехонанд кор мекунад…

Бо футболбозонатон ҳамчун зердастон муносибат мекунед?

-Дар майдони футбол ҳа, берун аз майдон чун ба дӯст ва бародар муносибат мекунам.

-Маслиҳати шумо ба футболбозони ҷавон.

-Роҳе, ки интихоб кардед, хеле душвор аст. Пайваста машқ кунед ва сабру таҳаммулро аз ёд набароред. Меҳнат, меҳнат, боз меҳнат!

-Ақл дар футбол муҳим аст?

-Николай Петрович Старостин яке аз асосгузорони «Спартак» гуфта буд, ки “Дураки не играют в футбол”. Воқеан, дар футбол ақл ва заковат бисёр муҳим аст, зеро дар як лаҳзаи кӯтоҳ футболбоз бояд сад роҳ (вариант) -и чӣ гуна амал карданро пеши назар орад, хулоса барорад ва баъд пайҳояшро ба шаракат дарорад. Мегӯянд ку, ҳафт бор чен куну баъд бур. Барои ин ҳушу ақли тез лозим.

-Дар футбол техника муҳим аст ё чизи дигар?

-Дар футболи муосир ҳама чиз, ҳам техника, ҳам тактика, ҳам хӯрок ҳам хоб ва албатта маблағ…

-Кӣ шуморо рӯҳан дар Бухоро дастгирӣ мекунад?

-Дар ин ҷо дӯстони хуб дорам. Ҳатто дӯсти кӯдакиамро пайдо кардам, ки то 15 — солагӣ якҷо футбол бозӣ мекардему ӯ ҳоло табиб аст, номаш Раҳим Султонов.  

-Рӯҳи Бухоро ба шумо кумак менамояд?

-Албатта, ин шаҳри муқаддас аст ва инсонҳои бузург дар ин ҷо ба камол расидаанд. Дар Бухоро худамро хеле хуб ҳис мекунам, зеро он бароям бегона нест ва мо решапайвандем.  Бобоям, падарам ва бибиям зодаи Бухоро ҳастанд. Бинобар ин, талоши ман дар Бухоро барои аҷдодам аст ва барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ тамоми қувватамро сарф хоҳам кард.

Душанбе -Бухоро-Душанбе

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.