Боздоштҳои худсарона, шиканҷа, безуриёткунии маҷбурӣ дар Шинҷони Чин ва Судони Ҷанубӣ

Энтони Блинкен вазири умури хориҷаи Амрико дар бораи наслкушӣ ва бадкориҳо дар Чин, Мянмар, Эфиопия, Ироқ, Сурия ва Судони Ҷанубӣ ба Конгрес гузориш дод.

Ӯ зимни гузориши худ дар бораи аксуламали ИМА ва чораҳои андешидашуда дар ин робита гуфт.»Дар гузориши имсола бори аввал дар бораи бадкориҳо дар кишварҳое чун Мянмар, Эфиопия, Чин ва Сурия ба тафсил маълумот дода шудааст». Дар баёнияи ин вазорат гуфта мешавад, «маъмурияти Байден риояи ҳуқуқи инсонро дар саросари ҷаҳон муҳофизат мекунад ва пешгири аз зулмро асосии амнияти миллӣ мешуморад.»

Ҷомеаи ҷаҳонӣ Чинро ба боздошти беш аз як миллион мусалмон (асосан уйғурҳо ва қазоқҳо) дар «урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ» дар Шинҷон айбдор мекунад. Аммо ин амалро Пекин рад карда, муассисаҳоро «марказҳои такмили ихтисос» номид, ки дар доираи барномаи мубориза бо терроризм ташкил шудааст. Депортаменти давлатӣ мегӯяд, таъқиби мусулмонон аз сӯи Чин дар Шинҷон, боздоштҳои худсарона, шиканҷа, безуриёткунии маҷбурӣ ва дигар намудҳо иборат аст. Маъмурияти президенти пешини Доналд Трамп ҳам ин сиёсати чиниро «наслкушӣ» номид.
Марбут ба ин рафтори ноадолатонаи Чин ҳафтаи гузашта парлумони Иттиҳоди Аврупо бо нашри як қатънома аз аъзои иттиҳод даъват кард, ки Олимпиадаи Пекин-2022-ро бойкот кунанд. Ин қатънома дар посух ба сиёсатҳои Чин дар Шинҷон қабул шудааст.

Дар ин гузориш омадааст, ки маъмурияти Ҷо Байден метавонад алайҳи Эритрея, Эфиопия, Мянмар ва Судони Ҷанубӣ барои куштори қавмӣ таҳрим ҷорӣ кунад.

Моҳи феврал дар Мянмар табаддулоти давлатӣ ба амал омад ва низомиён қудратро ба даст гирифтанд. Пушти ин табаддулот онҳое ҳастанд, ки дар қатли мусалмонони Роҳинҷа дар солҳои 2016-2017 даст доштанд.
Пас аз табаддулоти давлатӣ, Иёлоти Муттаҳида муҳлати шаҳрвандони то 18 солаи Мянмарро, ки зери назорат ҳимоят қарор доштанд дароз кард ва аз режими Мянмар хост, ки қудратро ба ҳукумати демократӣ интихобшуда баргардонад ва таъқиби эътирозгаронро хотима диҳад. Дар ин санад инчунин аз куштори қавмӣ дар минтақаи Тиграй дар ғарби Эфиопия ёдоварӣ шудааст. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида мақомоти Эритрея ва Эфиопияро дар ин куштор айбдор мекунад.

Дар гузориш оид ба вазъи Судони Ҷанубӣ таваҷуҳи хос зоҳир шудааст. Ҳукумати ИМА боварӣ дорад, ки мақомоти Судони Ҷанубӣ одамонро бидуни мурофиаи додгоҳӣ ва тафтишот мекушанд, онҳоро аз рӯи нишонаҳои қавмӣ таъқиб мекунанд, аз зӯроварии ҷинсӣ ва аз гуруснагӣ ҳамчун силоҳи ҷанг истифода мебарад. Дар гузориши худ ба Конгресс, ҳукумати ИМА мегӯяд, ки талошҳо барои ба ҷавобгарӣ кашидани ҷангҷӯёни “Давлати Исломӣ”-ро барои раво дидани ваҳшоният алайҳи ақалиятҳои миллӣ дар Ироқ ва Сурия дастгирӣ мекунад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *