Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шикояти волидайн: Кӯдаконамон дар хатаранд

Зиёда аз 1000 нафар хонандагони  маҳаллаи Учоқи ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамарӯза  роҳи монишгузарро убур карда, ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 15-и ҷамоат мераванд.

Ин хонандагон аз кӯчаҳои Матааиб, Машав, Деҳқон, Ҷомӣ ва Айнӣ мебошанд, ки солҳои зиёд аст аз набудани набудани гузаргоҳ ё худ роҳи зеризаминӣ  дар назди  мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 15-и ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳия мушкилӣ мекашанд.

Ба иттилои раиси маҳаллаи Учоқ Иброҳим Эргашов дар маҳалла беш аз 2, 5 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ки фарзандони онҳо ҳама ба мактаби № 15 мераванд ва тариқи шоҳроҳ убур кардани онҳо боиси норизоӣ ва шикояти волидони онҳо гаштааст.

Бештари волидони ин гурӯҳи мактаббачаҳо бар онанд, ки агар сохтани роҳи зеризаминӣ дар назди мактаби № 15 имконнопазир бошад,  дар худи маҳалла як мактаб бунёд карда шавад.  Волидон мегӯянд, ҳар рӯз фарзандони худро бо нигаронӣ ба мактаб гусел мекунанд, ки мабодо аз саросемагӣ кӯдаки онҳо ба ягон ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дучор нашавад. Зеро дар ду басте (пагоҳӣ ва нисфирӯзӣ), ки хонандагон мехонанд,  роҳи калони мошингузар нисбат ба дигар вақтҳо сермошинтар мешавад. 

Мактаби № 15-и ҷамоати деҳоти Унҷӣ 2560 нафар хонанда дорад. 

30 январ зимни нишасти хабарӣ бо журналистон раиси ноҳия  Зариф Назирӣ сабаби бунёд нашудани роҳи зеризаминӣ ё ҳавоӣ дар назди мактаби № 15-ро шарҳ дод:

-Аз масъалаи набудани роҳи зеризаминӣ дар назди мактаби № 15-и ҷамоати деҳоти Унҷӣ бохабарем. Воқеан, ин мушкилот солҳои зиёд аст, ки вуҷуд дорад. Аммо барои ҳалли он, яъне бунёд кардани  роҳи зеризаминӣ як миллион доллар зарур аст, ки ноҳия ин имконро надорад.”

Бо вуҷуди ин сокинон интизоранд, ки ҳукумати ноҳия ягон чора меандешад ва фарзандони онҳо эмин аз хатар хоҳанд буд.

Фарзона Муродӣ,

ш. Хуҷанд

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.