Шинос шавед: Фирдавс Шарифзода, раиси нави шаҳри Хуҷанд

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз мақомаш барканор гардид ва ба ҷояш  Фирдавс Шарифзода таъин шудааст.

Тибқи иттилои манобеи сомонаи Pressa.tj фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18-уми ноябр ба имзо расидааст. Маъруф Муҳаммадзода 58 сол дошта, 3 сол қабл ба курсии  раиси шаҳри Хуҷанд такя зада буд. Инчунин, Маъмурзода Адҳам Маъмур, иҷрокунанда вазифаи раиси шаҳри Истаравшан таъйин шудааст. Омадани  Маъмурзода ба курсии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшанро аз ҳукумати ин шаҳр низ тасдиқ карданд.Маъмурзода дар ин мақом Қурбонзода Амирхонро дар шаҳри Истаравшан иваз мекунад.

Бахтиёр Саидаҳмадзода раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд таъин шудааст.

Фирдавс Шарифзода, ки ҳоло раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардидааст, то ин замон раиси шаҳри Гулистон буд. Номбурда 36 сол дорад ва зодаи шаҳри Хуҷанд мебошад.

Тавре аз маълумотномаи Фирдавс Шарифзода бармеояд, ӯ соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2015 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Мавсуф солҳои 2001-2003 дар вазифаи сармутахассиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Суғд, солҳои 2003-2012 дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, солҳои 2012-2014 дар вазифаи сармутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, солҳои 2014-2015 дар вазифаи мудири бахши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кор кардааст. Аз моҳи апрели соли 2015 то декабри соли 2018 Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми декабри соли 2018  раиси шаҳри Гулистон таъин гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *