Шинос шавед: «Хурӯси бе калла»

Як мурғпарвари амрикоӣ гардани хурӯсашро, ки лақаби Майкро дошт, бурид, вале паранда ба хун оғӯшта гашта бошад ҳам, зинда монд ва бо гардани бурида ду соли дигар зиндагӣ кард.

Мурғпарвар ба хурӯси гарданбуридааш бо қатрачакон хӯрок медод ва ба намоишгоҳҳо мебурд. Мардуми зиёде ба тамошои ин мурғаки гарданбурида меомаданд. Мурғпарвари ҷоҳил аввалҳо аз ҳисоби хурӯси гарданбуридааш моҳе 4500 доллар, баъдтар то 10000 доллар пул кор мекард. Мурғи гарданбурида чунон машҳур гашт, ки дар тамоми Амрико бо умеди пулкоркунӣ каллаҳои мурғу хурӯсҳоро мебуриданд, вале баъди Майк ягон хурӯси сарбурида зинда намонд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *