Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шиносномафурӯшони 500 сомона ба даст афтоданд

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, кормандони шуъбачаи муоинаи техникии шуъбаи БДА дар вилояти Суғд ду сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо иттиҳоми даст доштан дар сохтакории шиносномаи муоинаи техникӣ боздошт намуданд.

Дар натиҷаи кофтуков предметҳое, ки тариқи онҳо ҳуҷҷатҳои кафолатдиҳанда сохтакорӣ мешуданд, мусодира гардидаанд.

Гумонбарон-Махкамов Парвиз Аҳмадалиевичи 24-сола ва Кенҷаев Дадоҷон Домуллоевичи 32-сола тариқи таҷҳизоти компютерӣ шиносномаи муонаи техникии нақлиётро сохтакорӣ карда, ҳар якеро бо арзиши 500 сомонӣ ба фурӯш баровардаанд.

Онҳо бо ин амали худ меъёрҳои моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудаанд ва барояшон ҷавобгарии ҷиноятӣ таҳдид мекунад.

Амони Муҳаммад

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.