Шиносоӣ бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Имрӯз аз расман ифтитоҳ ёфтани бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон 7 сол сипарӣ гашт. Ин ҳамон биноест, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт ҳамарӯза назди он акс мегиранд, ба тамошо мебароянд, вақти холии худро бо наздикону пайвандон он ҷо мегузаронанд. Ба ин баҳона бо хонандагони pressa.tj бори дигар ин даргоҳро муаррифӣ мекунем.

Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 27.07.2011, №1094 таъсис ёфтааст. Масоҳати он 24000м2 –ро ташкил медиҳад, ки 15 000 м2 он барои экспозитсия пешбинӣ шудааст. Осорхона 22 толори намоишӣ дошта, дар онҳо беҳтарин шоҳкориҳои ниёгон, ки муаррификунандаи таъриху тамаддуни халқи тоҷик мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Дар Осорхонаи милии Тоҷикистон барои тамошобинон чор шуъбаи экспозитсионӣ: шуъбаи табиат, шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна, шуъбаи таърихи нав ва навтарин, шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалӣ фаъолият менамоянд.

Зербино. Шуъбаи табиат дар зербинои Осорхона ҷойгир буда, ба тамошобинон оид ба олами ҳайвоноту растаниҳо, иқлим, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот медиҳад. Дар шуъбаи табиат толори махсуси геологӣ фаъолият менамояд, ки дар он намунаи сангҳои қимматбаҳои конҳои ҳудуди кишвар, пайдоиши ҳаёт дар рӯи замин, гӯшаи палеонтология (организмҳои сангшуда) барои тамошо гузошта шудаанд. Дар маркази толори зикршуда дарахти маснуие мавҷуд аст, ки аз сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон сохта шудааст. Ин дарахт 3м 40см баландӣ ва 600 кг вазн дошта, 19536 барг аз сангҳои қиматбаҳо дорад. Ҳамзамон дар ин шуъба бо олами ҳайвоноти Тоҷикистон таввассути диораммаҳҳои «Помир», «Чилдухтарон», «Даштиҷум», «Бешаи Палангон» шинос шудан мумкин аст.

Ошёнаи 1. Шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна яке аз шуъбаҳои калонтарин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки он дар ошёнаҳои якум ва дуюми осорхона ҷойгир шудааст. Дар ошёнаи якум намоиши шуъба аз харитаи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон оғоз меёбад. Ҳамзамон ёдгориҳои толорҳои намоишии ин ошёна оид ба бозёфтҳои мансуби асри санг дар Тоҷикистон, деҳшаҳри Саразм, фарҳанги зардуштӣ, императории Ҳахоманишҳо, давлатдории замони юнону бохтариҳо, Кушониҳо, Сосониён, Ҳайтолиён, Панҷакенти қадим маълумот медиҳанд. Дар осорхона ёдгориҳои аз Панҷакенти қадим (асрҳои V-VIII) бозёфтгардида: деворнигораҳо, муҷассамаи сӯхтаи духтари раққоса, зарфҳои сафолӣ, порчаҳои сафолии тамғадор маҳфуз аст, ки осори мазкур аз гузаштаи пурифтихори ин маркази тамаддуни тоҷикон, ки дар олам бо номи “Помпеи Шарқ” маъруф аст, шаҳодат медиҳад.

Дар толори мудаввар, ки он дар қабати аввали осорхона воқеъ аст, тамошобинон имкон доранд аз иммитатсияи дайри будоии Аҷинатеппа дидан намоянд.

Ошёнаи 2. Ин ошёнаи осорхона бо ёдгориҳои маҳфузмондаи замони Сомониён шурӯъ мешавад, ки дар толори намоиши мансуби ин давр ёдгориҳои аз қалъаи Ҳулбук ёфтшуда, намунаҳои сафолгарии мунаққашу катибадори асри Х, меҳроби чубии Искодар, кандакории болочубии болоби Зарафшон, намунаи матоъпораҳо аз Бозордара, лавозимоти ҳарбии асрҳои XI-XVI, кошиҳо ва намунаҳои хушнависии аҷдодони тоҷикон дар санг, зарфҳои мисӣ, коғаз ба тамошобинон пешниҳод мешавад. Инчунин дар ошёнаи дуввум толори махсуси сиккашиносӣ (нумизматики)-и Осорхона мавҷуд аст, ки маводи он ба таърихи пайдоиши сикка, пул ва қоғазҳои қимматнок бахшида шудааст. Дар ин намоишгоҳ сиккаҳои аҳди юнону бохтарӣ (асрҳои II-III то м.), кушонӣ (асрҳои II то м.-IVмилодӣ), сосонӣ (асрҳои III-VII), бухорхудотӣ (асрҳои VII-VIII), сомонӣ (асрҳои IX-X), қарахонӣ (асри XI), чағатоӣ (асрҳои XII-XIII), темурӣ (асрҳои XIV-XV), манғитӣ (асри XIX )-ро дидан мумкин аст.

Дар толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхона ёдгориҳо ва экспонатҳо оид ба ҳаёти Тоҷикистони замони Иттиҳоди Шуравӣ ( солҳои 1917-1991) маҳфуз буда, оид ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанг, ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) маълумот медиҳанд. Ҳамзамон дар ин шуъба дастовардҳои замони истиқлол, аз қабили сохтмони роҳҳо, нақбҳо, бунёди иншоотҳои замонавӣ тавассути экспонатҳо инъикос гаштаанд.

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори махсуси тӯҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Тоҷикистон аз дигар мамолики олам эҳдошуда ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Ошёнаи 3. Толорҳои намоишии шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии осорхона оид ба жанрҳои гуногуни ин намуди санъат, чун портрет, пейзаж, натюрморт, триптих, ҳайкалтарошӣ, санъати амалӣ ороишӣ ба тамошобинон маълумот медиҳанд. Намоишгоҳи шуъбаи мазкур аз маҳсули эҷоди мусаввирони солҳои 1930 асри ХХ оғоз шуда, давра ба давра рушди ин намуди ҳунарро дар ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *