Ширкатҳои сохтмонӣ дар Душанбе соҳиби имтиёз шуданд

Бар асари пандемияи коронавирус ва инчунин, дастгирии соҳибкорон бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба ширкатҳои сохтмонии шаҳри Душанбе имтиёз пешбинӣ шудааст.

Тавре Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе дар суҳбат бо Pressa.tj изҳор дошт, бо мақсади дастгирии корхонаҳои сохтмонии шаҳр ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, мо тасмим гирифтем, ки тартиб ва меъёри пардохт барои додани иҷозат барои сохтмони иншоот дар пойтахтро баррасӣ ва тасдиқ кунем.

Ҳамин тариқ, дар доираи ин барнома як комиссияи махсус иборат аз мутахассисон таъсис дода шудаст. Ҳайати комиссияи бояд вазъро омӯзанд ва нархи иҷозат барои пардохти лоиҳаҳои сохтмонӣ дар шаҳрро баррасӣ кунанд.

“Ҳоло комиссия корро шуруъ кардааст. Аммо, ман ба шумо бо итминон гуфта метавонам, ки иҷозати сохтмони иншооти иҷтимоӣ дар шаҳр, аз ҷумла мактабҳо, муассисаҳои таълимии томактабӣ, сохтмони муассисаҳои тиббӣ, ки аз тарафи соҳибкорон сохта мешавад, маблағи иҷозати сохтмон бекор карда мешавад. Ҳанӯз арзиши иҷозат барои сохтмони иншооти дигар аз ҷониби комиссия баррасӣ карда мешавад. Эҳтимол, рақамҳои тасдиқкардаи комиссияи корӣ ҳафтаи оянда дар сайти мақомоти шаҳр пайдо шаванд”, — гуфт Маҳмадсаид Зувайдзода дар суҳбат бо хабарнигори Pressa.tj Нелли Дейнарович.

Қаблан ширкатҳои сохтмонӣ барои сохтмони як метри мураббаъ манзил ё нуқтаҳои фурӯшу дигар иншоот аз 165 то 220 сомонӣ (17-23 доллар) маблағ пардохт мекарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *