Шоири бачаҳо Алӣ Бобоҷон даргузашт

Баъд аз зӯҳри имрӯз дар шаҳри Душанбе шоири маъруфи кӯдакон Алӣ Бобоҷон аз олам даргузашт. Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд. Марҳум 84 сол дошт.

Ҷанозаи шоир имрӯз соати 17:00 дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор мегардад.

Алӣ Бобоҷон соли 1959 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Фаъолияташро дар рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») оғоз намуда, минбаъд дар дигар нашрияю нашриёт идома мебахшад. Аз соли 1992 ба сифати ходими калони илмии Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон заҳмат кашидааст.

Соли 2016 дар зодгоҳи адиб шаҳри Конибодом маҳфили адабии «Шаҳдрез» ба ҷашни 80-солагии шоири ширинсухан, публисисти оташинсухан, зиёии асил, нависанда, ва тарҷумони маъруф, аъзои иттифоқҳои нависандагон ва журналистони Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи ҷумҳурӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, инсони накӯному накӯкор Алӣ Бобоҷон бахшида шуд.

Маҳфил бо иштироки васеи аҳли қалами шаҳр ва ҷавонону наврасон доир гардида, инчунин ба он меҳмонон академик Акбар Турсон, шоирон Ҷӯра Ҳошимӣ ва Юсуфҷон Аҳмадзода аз пойтахти кишвар ташриф оварданд.

Муаллифи қариб шашсад очерку мақола ва публисистика аст, вале шўҳрат ва шахсияти адабиаш ба хотири ашъори бачагона бештар зуҳур гардидааст. Аввалин асарҳояш соли 1955 рӯи чопро дидаанд. Асосан барои бачагону наврасон менависад. Осори манзумаш дар маҷмӯъаҳои «Бачаҳои хуб» (1963), «Мусича» (1965), «Гули бодом» (1966), «Парвози орзу» (1971), «Мавҷи сурур» (1973), «Некӣ ба некӣ» (1976), «Усто-парасту» (1978), «Нилуфар» (1980), «Осмондара» (1981), «Намаки зиндагӣ» (1986), «Зардолуи маҳтобӣ» (1988), «Атри кӯҳистон» (1993), «Базмия» (2000), «Шеъри истиқлол» (12001), «Сад барги Ҳисор» (2001), «Обаки зарин» (2003), «Пайғоми парасту» (2003), «Алифбои парандаҳо» (2004), «Меҳрпайванд» (2006), «Мусиқии баҳор» (2008), «Наврӯзи наврасон» (2012) ба табъ расидаанд.

Дастае аз асарҳои насрии Алӣ Бобоҷон (ҳикоёти воқеӣ, очеркҳои ҳуҷҷатӣ ва мақолаҳои публитсистӣ) дар китобҳои «Домулло Азизов» (1970), «Нахустқаҳрамони тоҷик» (1979), «Тоҷикистони ман» (1983), «Чароғи Ӯялӣ» (дар ҳаммуаллифии Собири Шоҳонӣ; 1996), «Соҳибҳунар» (1998), «Писархонди алоқачиён» (1999), «Конибодом» (дар ду ҷилд), «Меҳрпайванд» (2006), «Дурахши ситора (дар ду ҷилд, 2012) ва ғ. фароҳам омадаанд. Силсилаи мақолаҳои ӯ дар ҷилдҳои гуногуни Энсиклопедияи советии тоҷик ба табъ расидаанд.

Аз таронасароёни варзидаи кишварамон буда, панҷоҳ сол инҷониб ҳамроҳи бастакору мутрибони ҷумҳурӣ дар равнақи суруди миллӣ заҳмат мекашад. Соли 1984 дар Озмуни «Беҳтарин суруд дар васфи Тоҷикистон» ҷойи аввал насибаш гардидааст. Бисёр шеърҳои ӯ дар силсилаи «Китобхонаи бачагони халқҳои ИҶШС», ки ҷумҳуриятҳои шӯравӣ ба табъ мерасонданд, интишор ёфта, ба русию украинӣ, белорусию ӯзбекӣ, арманию озарӣ, қазоқию қирғизӣ, эстонию литвонӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд. Китоби шеърҳояш «Устопарасту» (Боку, 1978) ба забони озарӣ, Мусиқии баҳор» (2008) ба забони озарӣ ба табъ расидааст. Намунаҳои ашъораш дар Эрону Афғонистон ҳам чоп шудаанд. Тарҷумаи китобҳои шоирони озарӣ: Т.Муталлибов «Чӯҷаҳо», С.Мамадзода «Калид», тазкираи шуарои Вйетнам «Муҳаббат ва ғазаб» ба қалами ӯ мансубанд. Тарҷумаи тоҷикии силсилаи шеъру манзумаҳои ба Тоҷикистон бахшидаи шоирони ҷаҳонро дар «Китоби дӯстӣ» (1989) дастраси умум гардондааст.

Намунаи ашъори Алӣ Бобоҷон:

СУБҲИ МУРОД

Дилрабо, субҳи баҳорон бидамидаст, биё!
Вақти сайри гулу гулзор расидааст, биё!
Ҳар ниҳоле, ки ба боғ аст ба монанди арӯс,
Чатр аз гул ба сари хеш кашидаст, биё!
Аввалин ғунча ба гулзор шукуфон шудааст,
Боиси чаҳ-чаҳи мурғони хушилҳон шудааст.
Ҳар тараф менигарам, дил зи фараҳ меболад,
Ваҳ, табиат чи қадар хурраму хандон шудааст!
Ин саҳар аз бари гулзор гузар бинмудам,
Ба рухи тозаи гулғунча назар бинмудам.
Ғарқи андеша нишаста ба лаби ҷӯи пуроб,
Ёди он лоларухи тозаю тар бинмудам.
Ёри гулбоз! Биё, аз қаду бастат гардам!
Ғунчаро дида, даҳони ту ба ёд овардам,
Ҷӯш зан, чашмаи ишқам, ба ҳазорон уммед
Остин бар зада бар чидани гул сар кардам.
Шарфаи пои ту ногоҳ ба гӯшам бирасид,
Дили бесабрам аз андоза бурунтар битапид.
То ту чун кабк задӣ хандаи мастона зи ноз,
Синаам аз асари ваҷд чу дарё бидамид.
Омадӣ, ваҳ, ба дилам тозаумед овардӣ!
Аз бақодории ишқат ту навид овардӣ!
Марҳабо, эй шафақи субҳи дурахшони мурод,
Ёри дилбохтаро бахти сафед овардӣ!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *