“Шоми дӯстӣ”: Зулфия Давалатзода ҳайати ҳунармандони Ӯзбекистонро истиқбол гирифт

Зулфия Давалатзода  ва Обид Назариён, ду шахси аввали Вазорати фарҳанги кишвар гурӯҳи ҳунармандони маъруфи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳайати зиёда аз 100 нафар овозхонҳо, мақомсароён, мутрибон ва  раққосон таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбековро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе истиқбол  гирифтанд.

Ҳунармандони ӯзбек дар барномаи муштараки консертии устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон   «Шоми дӯстӣ», ки 10 июни соли равон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»  бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор мегардад, иштирок менамоянд.

Дар барномаи муштараки консертӣ аз ҷониби Тоҷикистон зиёда аз 150 нафар ҳунармандони шинохтаи кишвар ба шумули Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов ва Адҳам Холиқов, сарояндагони ҷавону бомаҳорат Тулқун Тоҷибоев, Нигина Амонқулова, Ситораи Кароматулло, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, ансамблҳои рақсии «Гулрез», «Ҷаҳоноро», «Лола», «Парасту», «Базморо» ва ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов, аз ҷониби  кишвари ҳамсоя Ҳунарпешаҳои халқии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков, Фаррух Зокиров, Юлдуз Усмонова, Абдуҳошим Исмоилов, Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон Элмурод Аҳмадов, гурӯҳи мақомсароён, ансамблҳои рақсии «Ӯзбекистон» ва «Тошкент зеболари» иштирок хоҳанд кард.

Хотиррасон менамоем, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии  Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзҳои 10-11 июни соли равон сурат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *