Шуғнон: се манзил аз тарма зарар дид

Нимаи дуюми 16 январ бинобар фаромадани тарма дар даромадгоҳи ноҳияи Шуғнон се манзили истиқоматӣ хароб гардид. Хушбахтона, дар натиҷаи ин ҳодиса ягон нафар аъзои ин оилаҳо осеб надиданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз ҳаво дар вилояти Бадахшон соф  буда, фаромадани тармаҳо аз кӯҳҳои сарбаланду барфпӯш ҳоло ҳам ҷараён дорад.

Роҳи сатҳи байналмилалӣ шурӯъ аз ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷу Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Мурғоб бинобар фаромадани тармаҳои зиёд ҳоло ҳам банд мебошад.

Масъулини Идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди ВМКБ зикр карданд, ки ба таври шабонарӯзӣ  дар ҳамаи роҳҳои бандгардидаи мошингард корҳо ҷараён дошта, техникаи роҳсозӣ ба пок кардани роҳҳо аз  тармаҳо машғул аст.

Гарчанде дар ин самт 35 техника сафарбар шуда бошад ҳам, вале резиши зиёда аз 60 тарма имкон намедиҳад, ки роҳсозон роҳи сатҳи байналмилалиро дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва Ишкошим боз созанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *