Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шукр, ки Зуҳуров сиҳат шуда, ба Ватан баргашт

Генерал Саидамир Зуҳурови 66-сола, ки аз бемории қалб ранҷ мебурд, баъди як ҷарроҳии вазнин дар Ҳиндустон сиҳат ёфта, ба Тоҷикистон баргашт. 

Раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 1-уми июн гуфтааст, ки ҳанӯз ҳам осори дард боқӣ мондааст.

Ҳоло Саидамир Зуҳуров ҳамчун мушовири ширкати мухобиротии «Билайн» дар Душанбе кор мекунад. Зуҳуров гуфт, ӯро барои кор ба ширкати мухобиротӣ дар марҳилае даъват карданд, ки баъди озод шуданаш аз мақоми раҳбари Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2016 бознишаста шуд.Қаблан овозаҳое пахш шуда буд, ки Саидамир Зуҳуров мудири кулли бахши тоҷикистонии ширкати мухобиротии «Тселл» интихоб шудааст, аммо худи  ӯ ин ҳамаро рад кард ва гуфт, «ҳақиқат надорад».Саидамир Зуҳуров, ки дар марҳилаи доғи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1996) аввалин раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буд ва баъдан дар вазифаи вазири умури дохилӣ ҳам ифои вазифа кардааст, гуфт, дар маҷмӯъ аз зиндагиву кораш розӣ аст. Ҳарчанд, ба гуфтааш, имрӯзҳо бо сабаби маризӣ наметавонад тамоми вақт сари кор бошад, вале шод аст, ки ҳамчун як фарди ботаҷриба дар ҳолатҳои зарурӣ ба машварату маслиҳати ӯ ниёз пайдо мешавад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.