Шукурҷон Зуҳуров ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ меравад

Пагоҳ,  21 январи соли ҷорӣ ҳайати парлумонии Тоҷикистон, ки ба ҳайати он Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода, Абдураҳим Холиқзода, Ҷурахон Маҷидзода, вакилон Олимҷон Сафаров, Дилшод Исматуллоев шомиланд, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар менамоянд.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов, дар доираи сафари расмӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки он бо даъвати  Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ то санаи 27 январ сурат мегирад, Шукурҷон Зуҳуров дар назар аст  бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, муовини якуми Раиси Шӯрои вазирони ин кишвар, Раиси фондии Саудии Рушд ва дигар шахсони воломақоми Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мулоқот намояд.

Ҳамчунин, дар назар аст Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯ аз минтақаҳои фарҳангӣ ва таърихии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дидан намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *