Шукурҷон Зуҳуров дар Боку шеъри Шайх Саъдиро хонд

Имрӯз дар доираи сафари расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку панҷумин Форуми байналмилалии   гуманитарӣ ба кори худ шурӯъ намуд.

Дар кори форуми байналмилалӣ намояндагони воломақоми зиёда аз сад кишвари дунё, аз ҷумла намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Федератсияи Россия, Амрико, Канада, Австралия, Қазоқистон, Ҷопон, Африкаи ҷанубӣ, Шветсария, Англия, Португалия, Индонезия ва дорандагони ҷоизаи Нобелӣ дар соҳаи химия Варшел Арие, Гершко Аврам, Йонат Ада ва дигарон иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар назди иштирокчиёни ин форум бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, роҷеъ ба моҳият ва нақши парлумонҳои ҷаҳон ва сиёсатмадорони замон дар пешрафту такомули масоили байналмилалии гуманитарӣ ибрози андеша намуд.

Сипас, Олга Голодес, муовини сарвазири Федератсияи Россия салом ва таманниёти Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро ба иштирокчиёни Форуми байналмилалии гуманитарии Боку қироат намуд.

Дар назди иштирокчиёни панҷумин Форуми байналмилалии

гуманитарии Боку, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баромад намуда, аз ҷумла чунин иброз намуд:

Ҷаноби Олӣ Илҳом Гейдар оғлу,

Муҳтарам ширкаткунандагони Форум,

Хонумон ва ҷанобон.

  Иҷозат диҳед ба Шумо аз номи ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон салом ва арзи адаб намуда, изҳори миннатдории самимонаи худро ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории Форуми мазкур баён намоям.

  Бидуни шак, обрӯ ва нуфузи Форуми байналмилалии гуманитарии Боку бо гузашти ҳар сол бештар мешавад. Аллакай бори панҷум аст, ки Ҳамоиш вобаста ба масъалаҳои муҳими ҳаётӣ ва байналмилалӣ ташкил карда мешавад.

   Дар ҳақиқат Ҳамоиши байналмилалии гуманитарии Боку ҳар бор ғоя ва пешниҳодҳои навро барои рушд ва тақвияти гуфтугӯҳо байни мардумон ба миён меорад.

  Мулоқоти имрӯза низ, бешубҳа, ба ноил шудан ба яке аз муҳимтарин ва авлавияттарин масъалаи муосир —  таъмини амнияти  чандфарҳангӣ нигаронида шудааст.

 Боиси хушҳолист, ки дар Ҷумҳурии Озарбойҷон масъалаи чандфарҳангӣ бахше аз сиёсатҳои давлатии ин кишвар ба шумор рафта, давлат низ вобаста ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ин аст, ки ҳанӯз соли 2014 Президент Илҳом Алиев фармон дар бораи таъсиси Маркази чандфарҳангии Бокуро ба имзо расонид ва ба дунболи он, соли 2016 бо фармони Президенти ин кишвар дар Озарбойҷон ҳамчун соли чандфарҳангӣ эълон гардид.

 Чандфарҳангӣ падидаи нав буда, солҳои 70-уми асри 20 дар Канада ва Амрико ба вуҷуд омадааст. Он саввумин намунаи таъсиргузор дар заминаи ҳалли мушкилоти вазнини марбут ба фарҳанг, қавмгароӣ, кишварҳои дорои мушкилоти нажодӣ ва мазҳабӣ, ки шумораи бештарро дар ҷаҳон ташкил медиҳанд, ба шумор меравад: танҳо 10 дарсади кишварҳо метавонанд ҳамчун кишварҳои дорои фарҳанги бо якдигар монанд ва ё чандфарҳангӣ баҳо дода шаванд.

Имрӯз бештари кишварҳо дар баъзе мавридҳо бо доштани фарҳанги гуногуншакл аз якдигар фарқ мекунанд. Бештари ҷумҳуриҳоро имрӯз метавон ҳамчун кишварҳои дорои фарҳанги гуногуншаклӣ ном бурд, зеро дарҳои ин мамлакатҳо барои ҷаҳони беруна ҳамеша боз ҳастанд – намояндагони дилхоҳ кишвар метавонанд ба қаламрави ин ҷумҳуриҳо озодона рафту омад намуда ва ҳатто дар он сукунат ихтиёр кунанд.

Аммо мушкили чандфарҳангӣ аз он бармеояд, ки бештари одамон мехоҳанд дар кишваре, ки ба он ҷо сафар кардаанд, боқӣ монанд. Вобасата ба ин суоле ба вуҷуд меояд: то кадом андоза гуногуншаклии фарҳангиро метавон қобили қабул шумурд, онро таҳаммул кард ва дар чунин шароит ҳамоҳангиро чигуна таъмин кард? Вақте дар доираи як ҷомеа мардумоне бо доштани фарҳанг ва расму ойини гуногун кору зиндагӣ мекунанд, бояд як қатор мушкилотро ҳал кард, ки тамоми шароити ҳамзистӣ дақиқу мушаххас фароҳам оварда шаванд.

 Дар ҳолати ба вуҷуд омадани мушкилот нигоҳ доштан ва зиёд намудани асос ва арзишҳои бунёдии чандфарҳангӣ, омӯзиши таҷрибаи аҷдодамон ва ба шакли муосир пешниҳод намудани он, ки ҷавобгӯи талаботи замони мо бошад, зарур аст.

Чандфарҳангии муосир, қабл аз ҳама, бо равияи иҷтимоӣ ва рӯҳии худ фарқ мекунад. Муқаддимаи он бо ҳалли масъалаҳои муҳими инсоният, амалӣ намудани имконоти ҷисмонӣ ва рӯҳии вай пайванди ногусастанӣ дорад. Чунин чандфарҳангӣ таваҷҷуҳи ҳамаи қишрҳои ҷомеаро, ки барои таъмини адолат талош доранд, ба худ ҷалб менамояд.

  Зикр намудан ба маврид аст, ки бар хилофи баъзе аз нишонаҳои мавҷуд будани арзишҳои ҷаҳонӣ, фарҳанг ва тараққиёт барои Шарқ дар масофаи дур қарор надошт. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми Шарқ низ таҷрибаи ғанӣ дар бахши чандфарҳангӣ, таҷрибаи бебаҳои гуфтугӯ ва  фарҳанги ҳамзистӣ дорад. Мисоли равшани чунин таҷриба ҳамзистии намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, қавму миллатҳо, халқиятҳо, мавҷудияти забонҳои гуногун, баробарӣ ва фарҳанг дар Эрони бостон, Миср, Ҳиндустон ва ғайра мебошад. Ба ёд овардани шоҳ – Куруши Кабир, ки солҳои 559-530-и пеш аз мелод салтанат рондааст, кофӣ мебошад. Муаррихон имрӯз низ Декрети Аҳамдинскийи машҳур, тарзи давлатдории вай ва ба роҳ мондани ҳамзистии ҳамаи халқу миллатҳо дар фазои сулҳу оромӣ ва дини сарзамини ӯро, ки дар илм ҳамчун «Аввалин Баёния оид ба ҳуқуқи инсон» ёд мешавад, бо ваҷд ба ёд меоранд.

Миллати тоҷик ҳамчун узви тамаддуни ғании форсӣ-мусалмонӣ вориси таҷрибаи назариявӣ ва амалияи таҳаммулпазирӣ, сабри муштарак ва ҳамзистӣ бо халқу миллатҳои дигар ва урфу одати онҳо мебошад. Дар манбаи чунин арзишҳои бунёдӣ омӯзиши тамаддуни ориёии мо, фалсафаи шарқӣ ва аҳли адаб қарор гирифтаанд.

 Беихтиёр суханони шоир ва файласуфи машҳури машриқзамин Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ ба хотир меояд, ки чунин аст:

         Бани Одам аъзои якдигаранд,

         Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

         Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

         Дигар узвҳоро намонад қарор.

         Ту к-аз меҳанати дигарон беғамӣ,

         Нашояд, ки ниҳанд номат одамӣ.

 Ва, албатта, яке аз сарчашмаҳои арзишманд дар заминаи амалия ва мафҳуми фарҳанги ҳамзистии сулҳомез ва арзишҳо мумкин аст осори барҷастаи шоир Ҷалолиддини Балхӣ (ё дар Ғарб ҳамчун Румӣ маълум аст) – ро ном бурд. Вай тамоми умри худро барои мунташир сохтани ғояи чандфарҳангӣ сарф намуда, худ ҳамчун намуна ва барои ояндагон чун рамзи таҳаммулгаро ва ҳамзистии сулҳомези миллатҳо, фарҳангҳо ва дину мазҳабҳо гардид. Сарчашмаҳо ҳокӣ аз онанд, ки дар маросими ташйиъи ҷанозаи Ҷалолиддини Балхӣ намояндагони тамоми халқу миллатҳо ва дину мазҳабҳои замонаш, аз ҷумла яҳудиён, християнҳо, мусалмонон, оташпарастон, материалистон ва ғайра ширкат кардаанд. Ҳамаи онҳо бо рехтани ашк аз чашмон ибораи «ВАЙ АЗ МО БУД, ВАЙ АЗ МО БУД!» — ро такарор мекарданд.

Муҳтарам иштирокдорони Ҳамоиш,

Ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки маҳз ҳамин рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии сулҳомез имрӯз яке аз принсипҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Имрӯзҳо дар кишвари дунявӣ ва демократии мо намояндагони беш аз 50 халқу миллатҳо сулҳона зиндагӣ карда, фаъолияти 60 дину мазҳаб дар асоси қонунҳои амалкунанда ба роҳ монда шудаанд.

Таҷрибаи сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифта, ҳамчун намунаи барҷастаи сулҳофаринӣ дар Донишгоҳи сулҳи СММ дарс дода мешавад. Собиқ Котиби генералии СММ Кофи Аннан дар муроҷиатномаи худ ба миллати тоҷик таъкид карда буд, ки таҷрибаи сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон «дарси муҳим барои ҷомеаи ҷаҳонӣ» мебошад.

Пешвои миллати мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати устувори хориҷиро пеш гирифтааст, ки он ҳам дар чаҳорчӯбаи принсипҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ, дахолатнопазирӣ ва ҳамзистии сулҳомез асос ёфтааст.

Дар робита ба ин, ҳайати Тоҷикистон тамоми ташаббусҳои ҳамоиши мазкурро, ки маҳз ба тақвияти чандфарҳангӣ, гуфтугӯи фарҳангҳо ва тамаддуни ҳамзистӣ равона шуда бошанд, пурра ҷонибдорӣ менамояд. Ин ба сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва мавқеи кишвари мо мувофиқат менамояд.

     Муҳтарам хонумон ва ҷанобон,

Ҳамзистии сулҳомези фарҳангҳои гуногун дар доираи минтақаҳои воҳид (чандфарҳангӣ), арзишҳои инсондӯстона ва тимсоли башарият барои асрҳои дароз ба як қувваи шикастнопазир мубаддал шудааст. Ин арзишҳо чузъи ҷудонопазири ҳаёти одамон гардида, табиатан ба раванди муносиботи байналмилалӣ ворид шудаанд. Дар ин замина, ҳадафи асосии Ҳамоиши имрӯзаро ман дар мубоҳисоти имконоти нави чандфарҳангӣ, ки ҳамчун таҷассумгари таҷрибаи арзишҳои ҳар кишвар ва миллат мебошад, мушоҳида менамоям. Чунин меҳисобам, ки муҳимияти вазъияти ҷаҳони муосирро дар ин замина ширкаткунандагони Ҳамоиш низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Фикр мекунам, ки иштироки сатҳи баланди намояндагон дар ин Ҳамоиш аллакай гарави муваффақиятҳои он аст.

 Дӯстони азиз!

Ҳаёт нишон медиҳад, ки посухи муҳим ва муносиб дар баробари ситезаҷӯиҳои муосир маҳз чандфарҳангӣ ба шумор меравад. Зарбулмасали пурмуҳтавои озарбойҷонӣ чунин садо медиҳад: ҳар касе, ки дил дорад, дилсӯзӣ дорад.

Биёед баҳри он талош намоем, ки дилсӯзии якҷояи мо ба самти зиндагӣ ба нафъи ҳамзистии сулҳомез равона гардад.

Бори дигар аз номи худ ва аз номи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳам ба ҳамаи ширкаткунандагони Ҳамоиши Боку барори кор орзу намоям. Итминон дорам, ки ғоя, фикру пешниҳод ва ташаббусҳои мо ва шумо таҷассуми амалии худро дар фаъолият ва барномаҳои воқеӣ пайдо мекунанд ва барои тақвияти боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии нек байни халқу миллатҳо мусоидат менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *