Шумораи мошинҳои Тоҷикистон кам мешавад?

Роҳбарони  мақомоти гумруки Тоҷикистон мегӯянд, ки дар нимаи аввали соли 2016 ба  кишвар ҳамагӣ чизе бештар аз 1300 мошини сабукрав ворид шудааст, ки назар ба як соли пеш 80 дарсад камтар аст. Назаралӣ Ғаниев, раҳбари идораи таҳлил ва омори гумрукӣ ба хабарнигорон гуфт, ки  дар 6 моҳи аввали соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз 6600 мошин ворид шуда буд. Агар дар нимаи аввали соли 2015 буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби боҷу хироҷи воридоти мошинҳо 47-3 миллион доллар ба даст оварда бошад, имсол ин 15 миллион доллар, яъне се маротиба камтар аз як соли пешро ташкил додааст. Феълан дар роҳҳои Тоҷикистон, ба ҳисоби мақомоти гумрук, тақрибан 800 ҳазор мошин ҳаракат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *